Суханони хуб бояд дар зеботарин ҷумлаҳо омода шаванд, то мавриди таваҷҷуҳ ва тааммули мухотабон воқеъ шавад. Ба иборати содатар қолиби калом мебосит бо қимати калом ҳамсон бошад. Хуб сухан гуфтан; сухани хуб гуфтан, аз муҳимтарин лозимаҳои паёмрасони аст.

Дар ин навиштор ба чанд намуна сухани хуби ахлоқи ошно мешавем:

1.Касе ки ба дунболи интиқом гирифтан аст, захмҳояшро тоза нигаҳ медорад.

2.Бо мушти гиреҳ карда намебавон бо касе даст дод ва дӯст шуд.

3. Пурсиданд биҳиштро мехоҳи ё дустро?! Гуфтам: ҷаҳаннам аст, биҳиште ки дар он дӯст набошад.

4. Худованд бениҳоят аст, аммо ба қадри ниёзат фуру мефиристад, ба қадри орузуят густарда мешавад ва ба қадри имонат коргушост.

5.Гули ишқу дӯсти бо бериёи ва садоқат ва самимият меруяд ва мемонад, аз инки муроқиби ин гули зебои, мебусамат.

6.Биё бо оини об ва оина зиндаги кунем. Мисли об ҳар чи палиди бишуем. Ба мисли оина ҳарчи надидем нагуем.

7. Арзиши ҳар кас, баробар аст бо арзиши он чизе ки барояш арзиш қоил аст.

8. Касе ки бо Худо дӯст нест, дӯстиаш бо ту дуруғе беш нест, дусти бидуни Худо дусти нопойдор аст.

9. Дусти воқеии ту душмани воқеии нуқоти заъфи туст.

10. Чизро аз кудакон биёмуз: Дар ҳоле зиндаги кун то лаззат бибари. Шодиро гарон накун бо тамоми вуҷуд (аз Худо) бихоҳ. Кинаро аз зеҳну зиндаги дур кун. Ҳамвора дар ҳоли талош бош.

11. Худоё моро бибахш ки, дар кори хуб ё ҷо задем ё ҷор задем.

12. Касе ки ҳеҷ коре намекунад, ҳеҷ иштибоҳе намекунад ва касе ки ҳеҷ иштибоҳ намекунад, ҳеҷ чиз ёд намегирад.

13. Касе шоистаи озоди аст ки бар ҳавасҳои худ мусаллт шавад.

14. Худоё кумакам кун то динамро ба дунёям нафурушам ва барои ному нон имонамро аз даст надиҳам.

15. Агар мехоҳи бидони ки чи қадар сарвартманд ҳасти ба ин фикр кун ки агар ҳамаи амвоалатро аз даст бидиҳи чи чизе бароят боқи мемонад.

16. Борони неъматҳо ва мавҳибатҳои илоҳӣ ҳамеша дар ҳоли боридан аст. Зарфи дилатро дарёи кун то борони бештар насибат шавад. То ҳамеш бимони.

17. Сода бигуям, агар мехоҳи бидони ки Худо чи қадар дустат дорад. Бубин ту чи қадар дусташ дори ва чи қадар барояш вақт дори ва гуфтугу ва хилват мекуни ва ба ҳарфҳояш гуш медиҳи ва ба хостаҳояш амал мекуни?

18. Ишқу муҳабат байни касоне иҷод мешавад ки ба рости ба Худо имон биёваранд ва аъмоли солеҳ анҷом диҳанд. Сураи Марям, ояти 92.

19.Зиндаги масъалае аст ҳал бояд кард, роҳ аст тай бояд кард, дароз муддат аст сабр бояд кард. Саргарми аст бози бояд кард. Боғбоне аст ишқ бояд кард. Тааҳҳуд аст амал бояд кард. Роз аст кашф бояд кард.

20. Муроқиби афкорат бош ки табдил ба гуфторат мешавад. Муроқиби гуфторат бош, ки рафторатро таъин мекунад. Муроқиби рафторат бош, ки одатат мешавад. Муроқиби одатат бош, ки табдил ба шахсияти ту мешавад. Ва шахсияти ту сарнавиштатро тарсим мекунад. Ҳазрати Алӣ(к)

21. Касе ки шоистаи ситоиш аст муҳтоҷи ситоиш нест ва касе, ки шоистаи ситоиш нест муҳтоҷи ситоиш аст.

22. Мабодо гул, туро аз гулкор ғофил кунад.

23. Пистаи хандон арзишманд аст пистаеро, ки намехандад, дар сармои шадид қарор дод то мунҷамид шавад. Ва баъд билофосила онро дар оби ҷуш мерезанд то тарак бихурад. Ва ё бо санг бар сараш мекубанд то хандон шавад. Агар касе ба рӯи ту лабханд намезанад иллаташро дар лабони фуру бастаи худ ҷустуҷу кун.

24.Ҳисодати ту бар зидди касе, нишонаи бартарии ӯ бар туст.

25. То тавони мегуреҳ аз ёри бад, ёри бад бадтар бувад аз мори бад.

Мори бад танҳо ҳаме бар ҷон занад ёри бад бар ҷону бар имон занад.

26. Худоё ба мардони мо ғайрат, ба занони мо иффат, ба пирони мо саломат, ба духтарони мо матонат, ба писарони мо саодат, ба олимони мо садоқат, ба масъулони мо адолат, ба  корфармоҳои мо мурувват, ба миллати мо ваҳдат ва нависандагони мо масъулият, ба ҳунармандони мо каромат, ба сармоядорони мо диёнат ато фармо.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст