Қуръон афроди бо имонро даъват ба тавбаи насуҳ карда мефармояд:

يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللّهِ تَوْبَةً نَصُوحاً عَسى رَبُّكُمْ أَنْ يُكَفِّرَ عَنْكُمْ سَيِّئاتِكُمْ...).

“Эй касоне ки имон овардаед ба сӯи Худо тавба кунед, тавбаи насуҳ (холис), шояд Худо бадиҳои шуморо бипушонад (бибахшад).”

Нусҳ дар луғати араб ба маънои холис аст, чунон ки ба асале ки холис аз мум бошад мегуянд: «عَسلٌ نَصُوحٌ».  Акнун бояд дид мақсуд аз тавбаи холис чист?

Дар ҷавоб метавонем бигуем, ки шояд мақсуд ин бошад ки ба хотири огоҳи аз зишти амал аз дидгоҳи ақл ва фитрат ва шаръ тавба намоед. Ва ба дигар сухан: Муҳаррики ӯ барои тавба, аз эҳсоси убудият ва бандагии ӯ сарчашма бигирад, не аз ҷиҳати мазаммат ва накуҳиши мардум ва ё тарс аз азоби ухрави. Дар ин сурат, чунин тавба дараҷаи комилеро хоҳад дошт, ҳар чанд тавба ба хотири тарс аз азоби Худо низ наҷотбахш аст, вале миёни ин ду навъ тавба аз назари созандаги фосилаи зиёде аст.

Дар инҷо эҳтимоли дигаре низ баён шуда аст ва он инки:

Нусҳ дар луғати араб ба маънои сероб кардан ба кор меравад, чунон ки гуфта мешавад: :«نَصَحَ الْغَيْثُ الْبَلَدَ» борон минтақаро сероб кард. Дар ин сурат, метавонад мақсуд аз тавбаи насуҳ, он тавбае бошад, ки қалби мурда ба василаи гуноҳон, бори дигар зинда гардад ва аз тирагиҳои гуноҳ пок шавад. Дар натиҷа, мақсуд ин аст ки тавбае ӯ ҳақиқи бошад.

Бархе гуфтаанд мақсуд аз насуҳ тавбаи содиқона аст.

Ҷазари дар Ниҳоя худ, ки пиромуни луғати ҳадисе навишта аст, мегуяд: Убай ибни Каъб аз Расули Акрам(с) пурсид: Мақсуд аз тавбаи насуҳ чист? Фармуд: Тавбае ки содиқона бошад, яъне бори дигар ба гирди гуноҳ нагардад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст