Аъзои як тими футболи ҷавонон аз кишвари Африкаии Камерон пас аз гузарондани ду моҳ дар урдуи тамрини дар шаҳри Дубай, аз масеҳият ба ислом мушарраф шуданд.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Икно ва  «World Bulletin»، ҳар 23 бозикуни ин тим бо адои шаҳодатайн дар созмони фаолиятҳои хайрия ва умури исломии Дубайн, мусулмон шуданд.

Ин тими футбол, мутааллиқ ба академи футболи ҷавонони ниёзманд, бехонумон ва ятимони Камерон аст.

Ҷовид Хатиб, мушовири дини созмони фаолиятҳои хайрия ва умури исломи Дубай гуфт: Бисёр шоиста аст ки дар синне ки бештари ҷавонон бадунболи тафриҳ ва саргарми ҳастанд, ин мардони ҷавон ба ҷустуҷуи дин ва огоҳи мепардозанд.

Бинобар ин гузориш, бозикунон ва мурабиёни ин тими камерони ба далоили мухталиф аз ҷумла дарки оромиши ислом ва меҳрубони мардуми мусулмон тасмим гирифтанд ба ташаруф ба ислом гирифтанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст