Шаҳри Сенори Судон; пойтахти фарҳанги ҷаҳони ислом дар соли 2017 мелоди

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии «smc.sd/post»،  Аттаиб Ҳасан Бадави, дар ин бора гуфт: Фаолиятҳои тарҳи интихоби шаҳри Сенори Судон ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2017 мелоди бо ҳамкории созмони ЮНЕСКО иҷро мешавад.

Вай ҳамчунин аз интихоби шаҳри Кодқули Судон ба унвони пойтахти фарҳанги ин кишвар дар соли 2015 мелоди хабар дод ва гуфт: Ин тарҳ бо ҳамкории вазоратхонаи Судон ва муассисоти фарҳанги давлати ва ғайри давлати ин кишвар иҷро мешавад.

Вазири фарҳанги Судон тасреҳ кард: Ҳадаф аз иҷрои тарҳи интихоби шаҳрҳои Судон ба унвони пойтахтҳои фарҳанги, мустанад кардани мероси илми, таърихи ва фарҳанги ин шаҳрҳо ва тақвияти ваҳдати исломи ва милли дар ин кишвар аст.

Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст