Оғози китоби Мусибатномаи шайх Аттор

Фи тавҳиди бори азза исмуҳ

Ҳамди пок аз ҷони пок он покро

Ку хилофат дод муште хокро

Он хирадбахше ки одам хоки ӯст

Ҷузу кул бурҳони зоти поки ӯст

Офтоби руҳро тобон кунад

Дар гили одам чунин пинҳон кунад

Чун гили одам ба саҳро оварад

Ин ҳама уъҷуба пайдо оварад

Чун даруни нутфа ҷоне ниҳад

Офтобе дар сипандони ниҳад

Кулбаи руҳул қудус қалбе кунад

Колибаш чун деҳя алкалбе  кунад

Аз буни ангушт айни ӯ оварад

Баҳри дил дар асбаин ӯ оварад

Куҳро чун зилла осон ӯ кунад

Баҳрро гаҳвораи ҷунбон ӯ кунад

Шир аз ангушти Халил ӯ оварад

Исие аз Ҷабраил ӯ оварад

Тифлро дар маҳд пайғомбар кунад

Ваз ҳама пиронаш болиғтар кунад

Куҳро дар гардани уҷ афканад

Шер дар яъҷуҷу маъҷуҷ афканад

Ширхореро ба тақрир оварад

Ваз миёни фарсу дум шир оварад

Хокро маҳди бани Одам кунад

Бодро нуҳ моҳаи Марям кунад

Оби мавҷи орандаро пул созад ӯ

Воташи сузандаро гул созад ӯ

Гургро бар пироҳан гуё кунад

Ваз дами пироҳане бино кунад

Бандаро мансаби шоҳи диҳад

Аз чунон чоҳе чунон ҷоҳе диҳад

Аз асое сангро замзам кунад

Гандуме тухми асо одам кунад

Мурдаро аз зинда пайдо оварад

Зинда аз мурда ба саҳро оварад

Барфу оташ ҷуфти якдигар кунад

То зи ҳар ду қадди сайъе сар бар кунад

Гурбаро аз атсаи шер оварад

Говро аз гурба дар зер оварад

Ангабинро пардаи кофури кунад

Вонгаҳаш он парда занбуре кунад

Моҳро бар рух сиёҳи ӯ ниҳад

Говро бар пушти моҳи ӯ ниҳад

Сангро аз бими хеш обе кунад

Обро аз хавф симобе кунад

Сад ҳазорон роз дар муре ниҳад

Дар дилаш аз шавқи худ шуре ниҳад

Гаҳ малакро гираду сулбаш кунад

Гаҳ чиноҳаш бишканад қалбаш кунад

Ҷаъфари Тайёрро пар бар ниҳад

Шаҳри динро аз Алӣ дар бар ниҳад

Гаҳ зане орад зи марди безане

Гоҳ марде аз зани бе бизани

Гоҳ аз мурғе кунад хинёнгари

Гоҳ аз наҳле кунад ҳалвогари

Ӯ диҳад сангеву караме дар миёнаш

Ӯ ниҳад карамеву барге дар даҳонаш

Дудро бе оташе анҷум кунад

Санг оташ ораду ҳезум кунад

Санги сард аз оташи дил гарм аз ӯст

Чуби хушк аз меваи тар нарми ӯст

Гаҳ зи одам ашбаҳе меоварад

Гоҳ аз рӯзе шабе меоварад

Нешро дар нуши шамъ ӯ мениҳад

Моҳро бо меҳр ҷамъ ӯ мениҳад

Пашшаро саф шикан меоварад

Дар масофаш пилтан меоварад

То сари Яҳё аст ғорат мекунад

Пас баҳи мондан ишорат мекунад

Мулк дар дасти шабоне мениҳад

Миннати ӯ бар ҷаҳоне мениҳад

Девро ангуштари дар мекунад

Деви мардумро пари дар мекунад

Сад ҳазорот сола тоат кардане

Тавқи лаънам мекунад дар гардане

Зоти Юнусро чун сари ҳут дод

Дар даруни батни ҳуташ қут дод

Обро дар пои Исо хок кард

Ваз дамаш дар хок ҷони пок кард

Он чунон ғайбе ниҳон пайдо намуд

Аз буни ҷебе яди байзо намуд

Гаҳ ду хокеро ба боло роҳ дод

Гаҳ се қудсиро ба шеби чоҳ дод

Шодии руҳониён аз меҳри ӯст

Гиряи карубиён аз қаҳри ӯст

Қатраро дурри макнун медиҳад

Нуқтаро дурри гардун медиҳад

Ҳам зи хуне мунъақид дил мекунад

Ҳам халифа аз кафи гил мекунад

Ақли саркашро ба шаръ афканда кард

Тан ба ҷону ҷон ба имон зинда кард

Хони гардун пеши даргоҳи ӯ ниҳод

Қурси меҳру косаи моҳ ӯ ниҳод

Чун дар оби баҳр мавҷ оғоз кард

Ҳар дуро аз омад шудан ҳам боз кард

Аз дарахти сабз шамъе барфурухт

То чу парвона калимаш пар бисухт

Оташе дар дасти душман дар гирифт

То Халилаш табъи исмандар гирифт

Калбро дар каҳфи калби рум кард

Оҳану пулодро чун мум кард

Курраи гардуни ба ҳақ меоварад

Дар раҳи ӯ гар табақ меоварад

Гарди хоке сарнагунаш даркашид

Ваз шафақ доман ба хонаш дар кашид

Дар ғамаш роҳе ки гардун меравад

Сарнагун дар хоку дар хун меравад

Сангрову мурғро ҳам нолае сохт

Мурғ оварду зи сангаш жолае сохт

Мурғи масташ ҳарби пил оғоз кард

Дар миёни Каъба санг андоз кард

Наҳли ӯ чун ваҳйи ӯ маълум кард

Бас ки ширин корие чун мум кард

Анкабути ӯ чу дом андоз шуд

Он чунон мурғе бадомаш боз шуд

Ӯст он як каз ду ҳарфи номдор

Карди пайдо дар се буъди аркони чор

Панҷ ҳисс дар шаш ҷиҳат солор кард

Ҳафтро дар ҳаштумин давор кард

Нуҳ фалак чун даҳ яке хост аз дараш

Аз ду олам ҷой омад бартараш

Чун биҳиштам дар ду шашро бор дод

Чорро нуҳ доду нуҳро чор дод

Мардуме дар оби шуру гушае

Каз ҷаҳон пиҳ обеҳ будаш тушае

Оби ҳайвон буд дар торикиш

Тезрав овард дар борикиш

Бар сиёҳу бар сапедиш шоҳ кард

Равшаниш дар тираги чун моҳ кард

Ҳамчун моҳи чарх бар тоқаш нишонд

Халқро дар аҳду мисоқаш нишонд

Гаҳ чароғу гоҳ чашмаш ном кард

Дар чароғаш равған бодом кард

Дар хилофат ҷома пушидаш сиёҳ

Кард дебои сапедаш боргоҳ

Забрувон каж ду ҳоҷат рост кард

Ҳар дуро пайвастаги дархост кард

Зандарун биншонд фароше ба кор

То зи дил обе занад вақте ғубор

Аз буруни ду пардадор турфа кард

То наёрад дағули қасди ғурфа кард

Саф кашид аз мужаву бар данишонд

То касе ки ӯ бош буд аз дар биронд

Ҳамчун Юсуф гарчи ҷояш чоҳ дод

То ба ҳафтум осмонаш роҳ дод

Ҳар замоне дар тамошои назар

Бар табақ мерехташ нақд дигар

Дар саводаш мардумеро зин дод

Бар табақ нақде ки додаш айд дод

Ваҳмро дар роҳи ӯ ҷосус сохт

То зи номаҳсус сад маҳсус сохт

То хазинадори овардаш хиёл

То ҳама чизе бисозад ҳасаб ҳол

Кард мушарраф ҳифзи чобук корро

То нигаҳбони кунад асрорро

Дар дилаш ганҷе ниҳод аз маърифат

Додаш аз ҷон ҷоми ҷам Исо сифат

Шоҳ чун дар садри ҳар коре бикард

Ҳаллу ақду мулки бисёре бикард

Дар дарун парварда мафраш сохташ

Хобро ҳамхобаи хуш сохташ

Хоб чун дар шоҳ шоҳид кор кард

Аз синон мужжа дар мисмор кард

Ду садафро рӯй бар ру баргушод

Ҳуққаи сиву ду луълуъ баргушод

Бисту нуҳ чашма дар афшон боз кард

Растаи сиву ду дар оғоз кард

Аз садаф лоро наҳанг осо намуд

То даҳан бигшод Иллаллоҳ намуд

Шуд наҳанги ло басарҳанги азиз

Зон камар додаш чу қофу тез низ

Кард зоҳир қофро анқонавоз

То кунад симурғ маъни бол боз

Айнро навъе дар ӯ пайдо намуд

То садафро чашмаи зебо намуд

Баст бар фитроки муре тову син

Дод аҳли сирри худро ёву син

Чун садафро пардаги бисёр буд

Пардагиро пардаи фарзи кор буд

Пас даҳу ду пардаро бигшод ҷой

То касе нанҳад бурун аз пардасарой

Баст лоиқ пардаи ушшоқро

То навои медиҳад офоқро

Чун мухолиф дид азуву хост кард

То паси пардаи мухолиф рост кард

Он якеро дар наҳованд ӯ фиканд

Вон дигарро баста дар банди ӯ фиканд

Пас зуфони бо теғу бони роҳ зан

Бар ҳусейни зад ба овози ҳасан

Оқибат сӯзи фироқ омад падид

Аз Сипоҳону Ироқ омад падид

Дар садаф теғи зуфон бар кор кард

То калла бинҳо ҳарки инкор кард

Бе чунин теғе ки донисти баҳеш

Шуру тезу талху ширину туруш

Гар туруш тезу кунаду ояд ба зур

Талхияш накунад зи шириниву шур

Дар гуҳар афшондан овезаш намуд

Бо сари тез ӯ сирри тезаш намуд

Нутқ агар будаш дурушту лафзи гарм

Хуш хурам комад чу теғе чарбу нарм

Чун садаф шуд рост гардон гашт теғ

Гавҳар афшони баромад бе дареғ

Чур агар шакар начинад гу мачин

Кур агар гавҳар набинад гу мабин

Эй шуда ҳар ду ҷаҳон аз ту падид

Нопадид аз ҷону аз ту падид

Эй даруни ҷон бурун  ноомада

Вей буруни ҷон даруни ноомада

Ту буруниву даруни дар туи

На буруну на дарун бал ҳар дуӣ

Чун ба зоти хеш бе чун омади

На дарун рафти на берун омади

Ҳар ду олам қудрати бе чуни туст

Ҳам туи чизе агар беруни туст

Чун ҷаҳонро аввалу охир туи

Ҷузу куллро ботилу зоҳир туи

Пас ту боши ҷумла дигар ҳеч чиз

Чун ту боши худ набошад ҳеч низ

Эй зи ҷисму ҷон ниҳон дидори ту

Гум шуда ақлу хирад дар кори ту

Ҳаст ақлу ҷону дил маҳдуди хеш

Кай расад маҳдуд дар маъбуди хеш

Эй зи пайдоии худ бас ошкор

Чун ту ҳасти чун бувад кас ошкор

Ҳам хирад бахши хирадмандон туи

Ҳам Худованди худовандон туи

Ҷумларо дар хок андози нахуст

Пас бабодишон куни охир дуруст

Бар дари ҳикмат зи моҳи то ба моҳ

Дар камар бинам зи куҳи то бикоҳ

Арш чун бӯи наёфт аз ҳеҷ ҷой

Аршро курси бишуд дар зери пой

Курси аз худ маҳв шуд аз баски ҷуст

Сабтул арш алси мебояд нахуст

Лавҳро чун бе ту ҷон пар суз шуд

Бо сари лавҳ нахустин руз шуд

То қалам бишкофт аз олои ту

Чун қалам дар хат шуд аз савдои ту

Мезанад чархи осмон аз шавқи ин

Менагунҷад дар ҳама рӯи замин

Аз пайи гардат заминро ҳар замон

Даст мондаст аз дуо бар осмон

Меҳр аз баҳри саги куят зи шарм

Шуд зи рангу гардае овард гарм

Маҳ ки дар аввал чун наъле зи оташ аст

Чун зи туст он наъл дар оташ хуш аст

Субҳдам бар ёди ту як ханда кард

Халқро аз дам чу Исо зинда кард

Руз ёфт аз ту бану ҷони дигар

Зонки ҳар рӯзи ту дар шони дигар

Зонки шаб чун нузулат ҳар шабаст

Ханда зан дандони сапед аз кавкабаст

Абрро бе туст дил парри барқи рашк

Рӯи ӯву сад ҳазорон дона ашк

Раъдро тасбеҳ оварад ба ҷуш

Об бурда барқаш оварда хуруш

Барқро чун бе ту софе дард буд

Лоҷарам то зод ҳоле мард зуд

Оташ аз сузи ту оби хеш бурд

То чу оташ ташнаи об андеш мурд

Бод омад хоксори пой баст

Хоки пош куи ту боде ба даст

Абрро чун шавқи ту оташ фурухт

Обруяш рехт чун оташ бисухт

Хоки раҳро боди сард аз баҳри туст

Хок бар сар сар ба бод аз қаҳри туст

Куҳро дил хун шуд аз тақрири ту

Об азу мерезад аз ташвири ту

Баҳр чун аз об шуд лаб хушк монд

Кишти аз шавқат ҳама бар хушк ронд

Ҷумла гулҳои рангоранги пок

Ме фуру резад зи шавқи ту ба хок

Чун шукуфа аз шукуфтан сер шуд

Зиштиёқат руз тифли пир шуд

Ҷоми зар бар дасти наргис мениҳи

Нуқраро мири маҷлис мениҳи

Лоларо бар куҳ карди дар камар

То кулоҳ афканда дар хуни ҷигар

Ёсумин чун бар заминат сар ниҳод

Чор тарки осмон гун бар ниҳод

Шуд бунафша хирқа пуши куи ту

Сар бибар дар масти ҳоюу ҳуи ту

Савсанат чун шукр гуфт аз даҳ забон

Банда гашт озод аз ҳафт осмон

Ғунчаи пайкон бувад гил лаъл эй аҷаб

Лаъли пайконаш доди зин сабаб

Дафтари гул бин ки мехонад ба ҳақ

Ҳамди ту пур зар даҳон аз ҳар варақ

Чанд гуям кончи гуям он наи

Чанд ҷуям кончи ҷуям он наи

Чан намедонам чигуна ман зи ту

Чун намеёбам чи ҷуям ман зи ту

Ҷумла як зотаст аммо муттасиф

Ҷумла як ҳарфу иборат мухталиф

Ҷумла як зотаст ман доно ниям

Гарчи якроҳаст ман бино ниям

Ҳар замон ин роҳи бепоён тараст

Халқ ҳар соат дар ӯ ҳайрон тараст

То абад ин роҳи манзил рафтанист

Ҷумла дар хунобаи дил рафтанист

Қиссаи кон на дилу на ҷон шинохт

Кай тавон донисту кай битвон шинохт

Ҳарки ӯ ин рози мушкил пай барад

Гар бувад сад ҷонаш як ҷон кай барад

Чораи ин чист дар хун омадан

Ваз вуҷуди хеш берун омадан

Чун намеёбам сари ин ришта боз

Ҳамчу сахан мондаам саргашта боз

Нест ҷуз вомондаги биштофтан

Хонки ҳаст ин ёфтан ноёфтан

Чарх мехоҳад ки ин сир пай барад

Ӯ ба саргардони ин раҳ кай барад

Ҳаллу ақд ин чунин султоние

Кай тавон кардан ба сар гардоние

Чист аз саргаштаги беш ин замон

Гар намедони бидон аз осмон

Гар фалак гар меҳру маҳ гар ахтараст

Ҳар шабу ҳар рӯз саргадон тараст

Дар ту гар саргаштагиро роҳ нест

Ҷони ту аз ҷони ман огоҳ нест

Нест осон васли ёри беназир

Гар умед вале дори худ бимир

Гар тавони ёфт беранҷи висол

Сидқ пеш овар бурун рав аз хиёл

Дар тариқи ишқ беовез шав

Хок гарду ҳамчун оташ тез шав

Ту чу тини ло зи би дар вақти кор

Лоҷарам овез дори бешумор

Кор аз оташ бояд омухтан

Мазҳабе дорад аҷаб дар сухтан

Чун бисузан ҳарчи мехоҳад зи пеш

Ҷумла бигзорад равад бо ҷои хеш

Деви дил аз симу зар бардоштаст

Симу зар ҷумла бату бигзоштаст

Зонки дев аз оташасту ту зи хок

Ту бигири ӯ бисузад ҷумла пок

Гарчи дунёи дани иқтои ӯст

Оташаст ӯ зон надорад ҳеҷ дуст

Он надиди ту ки Иблиси лаин

Зоташе нанҳод руяш бар замин

Гуфт ман аз оташ афзундаам

Саҷда накнам зонки ман сузандаам

Ҳақ чу оташро сарафроз офарид

Сар ба саҷда чун тавонад оварид

Дузах аз оташ чунин шуд саъбнок

Аз ки дорад оташи сузанда бок

Зиндагони гар хушу гар нохушаст

Дар замину боду обу оташаст

Дар миёни чор хасми мухталиф

Кай тавони шуд ба ваҳдат муттасиф

Гармиат дар хашму шаҳват мекашад

Хушкиат дар кибру нахват мекашад

Сардиат афсурад дорад бар давом

Турбати таъноиат орад мудом

Ҳар чаҳор аз якдигар пушидаанд

Рӯзу шаб бо якдигар кушидаанд

Гоҳ ин як ғолиб ояд гоҳ он

Чун ту рафти хоҳ ину хоҳ он

Душмани якдигаранд ин ҳар чаҳор

Кай шавандат ҳаргиз ишон дустдор

Ту баҳам бо душманон дар пусти

Чашм медори зи душман дусти

Гар ту хоҳи то зи руи имани

Пушт орад дар ту чандин душмани

Ҳамчунон каз чор хасми мухталиф

Шуд танат ҳам муътадил ҳам муттасиф

Ҷонатро ишқе бибояд гарм гарм

Зикрро рутбуллисони чарбу нарм

Зуҳди хушкат бояд аз тақвову дин

Воҳи сардат бояд аз бардул яқин

То чу гарму сарду хушку тар бувад

Эътидоли ҷонат некутар бувад

Ҳар киро ҷон муътадил шуд инчунин

Санги ҷисмаш лаъли дил шуд инчунин

Вар ба акс ин буд нанге бувад

Нанг набвад лаъл агар санге бувад

Ҷаҳд кун эй аз раунат роҳ бин

То нагарди ҳамчу Иблиси лаин

Аз малоик буда шайтоне шави

Заҳриман гардиву ҳомони шави

Аз мақоми балъами калбат кунанд

Ё на чун бар сисиё салбат кунанд

Ҷаҳд кун эй лаъл буда шоҳро

То нагарди масху малъун роҳро

Дар чунин раҳ қалб бисёре кунанд

Аз зари мис аз гиле хоре кунанд

Соҳирон диди асоеро амин

Гуфта Оманно бираббил оламин

Пас ҷуҳудон кур дар пайғомбари

Саҷда карда пеши гове аз хари

Аз асои соҳир имон ёфта

Пас ҷуҳуд аз гов куфрон ёфта

Ту чунон дони ки ин бозори ишқ

Ҳаст чун бозори Бағдоду Димишқ

Зинда аз боди кафе хоки одамист

Гар ҷуз ин чизи дигар ҳаст он дамаст

Ишқро имрӯзу фардо кай бувад

Куфру дин инҷову онҷо кай бувад

Ё Раб он худ чи назар будаст пок

Кошкоро кард Одамро зи хок

Ин ҳама уъҷуба дар вай гирд кард

Аршиёнро бар дараш шогирд кард

Ончи хоке буд каз пастии фарш

Чун гуҳар аз зер баршуд фавқи арш

Он бафавқул арш аз он таҳвил хост

Каз ядуллоҳу пари Ҷибрил хост

Осмону аршу унсур чист пуст

Хок алҳақ ҷумларо мағзе накуст

Баъди хок аз қурби он комилтараст

Конки он маҳҷуртар восилтараст

Ҳар камон каз пас кашидаш бештар

Тири ӯ бешак шавад дар пештар

То зи пас наравад барра дар ҳиласоз

Кай тавонад ҷуст зоби руд боз

Зиштиёқат зарра зарра буд хок

Оташаш аз ҷон бароварда ҳалок

Дузахаш дар мағзу тан зарра шуда

На бахуд чун дигарон ғурра шуда

Лоҷарам андар амонат пеш шуд

Қурби ӯро ҳар ду олам беш шуд

Мулкро султону мулк омад ӯ

Балки масҷуди малоик омад ӯ

Ҷисми одам сурати ҷон омадаст

Гавҳари ҷон ҷисми ҷонон омадаст

Лоҷарам ӯ ҷони ҷон омад туро

Бе ҷаҳон ҷону ҷаҳон омад туро

Чун бурун оӣ зи ҷисму ҷон тамом

Ту намони ҳақ бимонад вассалом

Ганҷи худ дар қаъри ҷон боист бурд

То касе онҷо наёрад даст бурд

Лек чун Иблис буи ҷон наёфт

Бурд даст даст бурд он наёфт

Ин чи даргоҳест қуфлаш бе калид

Вин чи дарёест қаъраш нопадид

Гар бадин дарё дароӣ як даме

Ҳайрати ҷонсуз бини оламе

Якдаматро сад ҷаҳон ҳайрат диҳанд

Зарраи ҳайрат ба сад ҳасрат диҳанд

Чун ту дарёӣ на наззора кун

Гирди хушки гарду кишти пора кун

Маърифат чи лоиқи ҳар нокасаст

Куллукум фи зотиҳи ҳумқо басаст

Ҳарчи дони он ту боши бешаке

Вар надони аз харон боши яке

Ҳо зи тобину ӯ аз зоҳир бувад

Маънии ҳувалл аввалу вал охир бувад

Гар баҳои ҳу ишорат мекуни

Вар зи вови ӯ иборат мекуни

Ҳо бияфкану ӯро озод кун

Банда шав беҳову воваш ёд кун

Чун бурунаст ӯ зи ҳар чизе ки ҳаст

Ҷуз хиёле нест зу чизе ба даст

То чунон кон ҳаст нанмоят туро

Дидаву дониста чун ояд туро

Ҳарчи бини ҷуз хиёле беш нест

Ҳарчи дони ҷуз муҳоле беш нест

Шайх Аттори Нишопурӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст