Дучори шок шудан дар асари гармо ҳатто метавонад кушанда бошад ба ҳамин иллат ашхос бояд бисёр пайгири саломатии худашон ҳангоми фаъолият дар ҳавои гарм бошанд.

Пизишкон ба ашхосе, ки дар тули фасли тобистон варзиш мекунанд ё фаъолият дар фазои боз доранд дар хусуси гармозадагӣ ҳушдор медиҳанд.

Баррасиҳо нишон медиҳад ашхосе, ки дар вартаи бештар барои шоки гармо қарор доранд, ашхосе ҳастанд, ки ғуддаи гипоталамуси мағзи онҳо, ки  масъули танзими дараҷаи ҳавои бадан аст бар асари далелҳое вазифаҳои худро ба дурустӣ анҷом намедиҳад.

Гуфтанист ашхос барои  варзиш дар фасли тобистон шабро интихоб мекунанд, ки замони муносибе нест, зеро бояд байни саоати хоб ва варзиш камаш 3 соат фосила бошад, то зарабони қалбу  фишори хун ба ҳоли оддӣ боз гардад. Беҳтарин замон барои варзиш ё дар аввалҳои субҳ ё пас аз соати 17 аст.

Пизишкон пушидани либоси муносиб ва на ҳатто пахтагиро, ки арақи баданро ҷазб мекунад ва сабаби эҳсоси сангинӣ дар фард мешавад тавсия мекунанд.

Дар айни ҳол пизишкон тавсия мекунанд варзишкорон вазни худро контрол кунанд ва ба миқдори муносиб об бинушанд.

Садои Хуросон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст