Нигоҳе ба вазъияти мусулмонон дар гушаву канори ҷаҳон дар остонаи иди саиди Фитр.

Дар ҳоле ба иди саиди Фитр яке аз идҳо ва ҷашнҳои бузурги исломи наздик мешавем, ки шумори зиёде аз ҷамъияти 1.6 милиорди мусулмонон дар ранҷу ғами амиқу шароити бисёр сахт ва тоқатфарсо ба сар мебаранд.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии «On Islam» имсол ҳамзамон бо оғози моҳи мубораки Рамазон, Исроил шабона ҳамлаҳои худ ба Ғаззаро оғоз карда ва аз он замон ҷамъияти 1.8 милион нафарии мусулмонони ин минтақа, шабу рӯз дар тарс ва ташвиш ва ғами аз даст додани азизонашон ба сар мебаранд.

Дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ки токунун идома ёфта аст ва саранҷоми он мушаххас нест, ҳудуди 1000 фаластини ки беш аз як севвуми онон занон ва кудакон будаанд ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 6 ҳазор нафар захми шудаанд. Ҷони бисёре аз маҷруҳон низ ба далели камбуди таҷҳизоти пизишки дар хатар аст.

Шумори зиёде аз мардуми Ғазза низ дар асари бомборонҳо хона ва маҳалли зиндагии худро аз даст додаанд.


Сурия

Дар чаҳорумин соли даргири дар Сурия, шумори зиёде аз шаҳрвандони сури кушта шуда ва беш аз 9 милион нафар маҷбур ба тарки хонаҳо ва қабули шароити сахти овораги шудаанд. Хонаводаҳои қурбониёт ва оворагони сури дар шароити вахиме имсол ба истиқболи Рамазон рафтанд.


Бирма

Ақалияти мусулмонон Роҳингиё дар Бирма аз соли 1982 бо тасвиби қонуне, аз ҳаққи шаҳрванди маҳрум ва дар сарзамини худ муҳоҷири ғайри қонуни шинохта шуданд. Аз ҳамон замон ифротгароёни будои шуруъ ба иҷоди таниш алайҳи ин ақалият карданд.

Дар чанд соли охир Бирма саҳнаи ҳамлаҳои хунин аз суи будоиён алайҳи мусулмонон буда аст ва то кунун шумори зиёде аз мусулмонони ин кишвар ба тарзи ваҳшатноке кушта шуда ва шумори зиёде низ ба тарки хонаҳои худ овора шудаанд. Оворагони мусулмони миянмари дар ҳоли ҳозир ё дар урдугоҳҳои марзи дар шароити вахиме рузгор ба сар мебаранд ё ба унвони барда ба кор гирифта шуда ва ё гирифтори бондҳои қочоқи аъзои инсон мешаванд.

Бо вуҷуди ин давлати Миянмар ҳануз аз ҳимояти мусулмонон ва пазириши онон ба унвони шаҳрвандони расми, бо вуҷуди собиқаи тулонии зиндаги онҳо дар ин кишвар худдори мекунад.


Ҷумҳурии Африкаи Марказӣ

Мусулмонони Африкаи Марказӣ аз соли гузашта дар натиҷаи ба вуҷуд омадани кудито ва сарнагунии раиси ҷумҳури масеҳии вақт, аз сӯи масеҳиёни ин кишвар ҳадафи кушторҳои ваҳшиёна қарор гирифтаанд.

Шебҳи низомиёни масеҳи Африкаи Марказӣ бо ҳамла ба хонаҳо ва масҷидҳои мусулмонон иқдом ба куштори занон ва кудакон ва аз байн бурдани дороиҳои мусулмонон кардаанд.

Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ҳазорон нафар то кунун кушта шуда ва ҳадди ақал як милион нафар аз ҷамъияти 4.6 милион нафарии мусулмонон овора шуда ва фақр ва бадбахти зиндаги мекунанд.


Чин ё Хитой

Ақалияти мусулмонони туркзабони уйғур дар Чин ки 8 милион нафар ҷамъият доранд ва аксаран дар минтақаи Синкиёнг ё Туркистони шарқи сокин ҳастанд низ таҳти фишорҳои давлати ин кишвар ба сар мебаранд.

Бо вуҷуди инки Синкиёнг ё Туркистони шарқи аз соли 1955 истиқлол ёфта аммо ҳамчунон таҳти давлати марказии Чин ба сар мебарад ва маҳдудиятҳоеро барои онон эъмол карда аст.


Ҳиндустон

Ҳудуди 140 милион мусулмон дар кишвари Ҳиндустон зиндаги мекунанд, ки аксарияти ҷамъияти онро ҳиндуҳо ташкил медиҳанд. Мусулмонони Ҳиндустон дар ин кишвар ҳадафи табъизҳои шуғлӣ, дини ва ... қарор доранд.

Онҳо ки даҳаҳо аст аз ин табъиз ва саркубҳои иҷтимои ва иқтисоди шикоят мекунанд аммо садояшон ба ҷое намерасад бо рӯи кор омадани Норандро Муди нахуствазири ҳинду, ки собиқаи хубе дар бархурд бо мусумонон надорад, Рамазони имсол шоҳиди кушта шудани 4 мусулмон аз суи ҳиндуҳо буданд.


Ангола

Дар зимистони 2013 давлати Ангола бо ғайри қонуни эълом кардани Ислом, дастури таътили масҷидҳоро содир кард ва вазири фарҳанги ин кишвар бо фирқа хондани Ислом онро ғайри қонуни эълом кард.

Ба гуфтаи ҷамъияти исломии Ангола 78 масҷид дар саросари ин кишвар вуҷуд дорад, ки то кунун ҳамаи онҳо ба ҷуз чанд масҷид дар шаҳри Луандо пойтахт, ҳамаги таътил шудаанд.


Икно

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст