Эшони Маҳмудҷон, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо, ҳукми шиноварӣ дар моҳи Рамазон аз нигоҳи Исломро шарҳ додааст.

Ин руҳонии тоҷик дар посух ба суоли корбари Тураҷон.Орг гуфтааст, “агар шинокунанда бо эҳтиёт дохили об шаваду ба гумони ғолибаш об дар биниву даҳони ӯ дохил намешавад, пас, дар ин ҳолат шино кардан ҷоиз аст.” Ӯ аз қавли Имом Бухорӣ иқтибос оварда афзудааст, “ҳазрати Анас ҳавзе аз санг доштанд ва дар ҳолати рӯза дохили он мешуданд.”

Аммо Эшони Маҳмудҷон дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, дар сурате ки даромадани об ба даҳону бинии шиновар аз гумон дур нест, пас, барои шахси рӯзадор ҷоиз нест, шино кунад: “Ҳатто баъзе уламо чунин шиновариро ҳаром гуфтаанд.” Ба гуфтаи ӯ, агар ҳангоми оббозӣ ё ғусл кардан об дар даҳон ва бинии шахси рӯзадор даромад ва ба меъдааш расид, назди аксари уламои исломӣ, аз ҷумла мазҳаби Ҳанафия, рӯзаи ӯ фосид шуда, як рӯз қазо медорад. Эшони Маҳмудҷон дар идома илова кардааст, агар шахси рӯзадор бо рехтани об бар сару бадан дар ҳамом оббозӣ кунад, бинобар қавли саҳеҳ бе кароҳат ҷоиз аст.

Бо овардани иқтибос аз китоби “Дуррул мухтор” иброз доштааст, ки барои шахси рӯзадор мазмаза кардан ва об дар бинӣ кардан ва ғусл кардан барои салқинӣ макруҳ нест: “Ибни Обидин дар ҳошияи суханҳои боло гуфтааст, Паёмбар (с) обро бар сари худ аз сабаби ташнагӣ ё гармӣ мерехтанд дар ҳоле, ки рузадор буданд”.

Ин фатвои Эшони Маҳмудҷон дар ҳолест, ки солҳои охир моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон дар фасли гармо фаро расида, ҳатто ҳарорати гармии ҳавои бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар ин моҳ то 40 дараҷа боло меравад. Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 28 июн оғоз меёбад.

Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст