Ё Алӣ! Чун арӯсро ба хонаи ту оранд вақте нишаст кафши ӯро дар биёр ва пойҳои уро бишуй ва обашро ба дари хонаат бирез ки чун чунин куни Худованд аз хонаат ҳафтод ҳазор ранги фақрро бибарад ва ҳафтод ҳазор ранги баракат дар он дароварад ва ҳафтод ҳазор раҳмат бар ту фуру фиристад, ки бар сари арӯс бигардад то баракати он ба ҳар гушаи хонаат бирасад ва Худвоанд арӯсро аз ҷунун ва хура ва песи амон диҳад, ки ба ӯ расанд модоме, ки дар он хона аст.

Ё Алӣ! Арӯсро дар ҳафтаи аввал аз хурдани ширҳо ва сиркаҳо ва гашниз ва себи турш боз дор зеро, ки зоҳидон аз ин чаҳор сард ва нозоянда гардад ва буриё дар гушаи хона беҳ аз зани нозоянда аст агар арус бар сирка хурдаги хуни ҳайз бубинад ҳеҷгоҳ ба хуби аз он пок нагардад ва гашниз он хунро дар дарунша бишуроанд ва зоймонро бар вай душваор гардонад ва себи турш онро аз боз дорад ва бемории бар вай гардад. Сипас турши онро аз боз бидорад ва беморие бар вай гардад.

Ё Алӣ! Дар ҳангоми ҷимоъ (наздики бо ҳамсар) сухан магу мабодо, ки фарзанди гунгу лол гардад ва ба аврати зан (дар замони ҷимоъ) нигоҳ накун, ки сабаби нобини фарзанд шавад ва бо шаҳвати зани дигаре дар хотират бо занат ҷимоъ макун фарзандат муханнас ояд ва истода бо занат ҷимоъ макун, ки аз кори харон аст ва агар фарзанде ояд дар фироши камиз мезанда (яъне дучори шаб мезидан мешавад) шавад.

Аввал ва миёна ва охири моҳ муҷомиат макун, ки девонаги ва хурад ва гиҷи ба сӯи фарзанд шитобанд баъд аз зуҳр ҷимоъ макун, ки агар фарзанде оварад қич (луч ва дурбин) шавад ва Шайтон ба луч будани инсон шод аст.

Касе ки бо зани худ дар бистари ҷунуб аст Қуръон нахонат метарсам оташе аз осмон фуруд ояд ва ҳардуро бисузонад ҷимоъ макун ҷуз онки худат дастмоле дошта боши ва занат низ порчаӣ дигар, ки бо як порча худро пок макунед, ки шаҳват бар шаҳват афтад ва мояи душмании байни шумо мешавад ва шуморо ба ҷудои ва талоқ мекашонад.

Дар шаби иди фитр ҷимоъ макун, ки агар фарзанед ояд бисёр шарур гардад ва дар шаби иби қурбон ҷимоъ макун, ки фарзанди шаш ангушт ё чаҳор ангушт ояд. Зери дарахти бордор ҷимоъ макун, ки фарзанди ҷаллод ва одамкуш ва кид душмани Худо ояд.

Дар муқобили офтоб ва нур ҷимоъ макун магар онки ҳарду бо рупуш бошанд, ки агар фарзанде ояд доиман дар сахти ва фақр бошад то бимирад миёни азон ва иқома ҷимоъ макун, ки агар фарзанде ояд хунхор гардад.

Агар занат бордор шуд бевузу бо ӯ ҷимоъ макун, ки фарзандат курдил ва бахил ояд.

Дар нимаи Шаъбон ҷимоъ макун, ки фарзанди шум ваё холчеҳра ояд.

Ду рӯз ба охири моҳ монда бо занат чимоъ макун, ки фарзанди гумрукчи ва кумаккунандаи зулм ояд ва ҷамъе аз мардум ба дасти ӯ ҳалок шаванд.

Бар сари пушти бомҳо ҷимоъ макун магар онки фарзанди мунофиқ ва риёкор ва бидъатгузор ояд чун сафар дори дар шаби он ҷимъ макун ки фарзани велхарҷ ояд. (Сураи Исро, ояти 30) ба рости мубаззарин бародарони Шаётин бошанд. Чун дар сафар рафти то се шаб ҷимоъ макун, ки фарзанди кумаккунанди зулм ва ситамгар бар алйҳи ту шавад.

Дар соати аввали шаб бо занат ҷимоъ макун, ки агар фарзанде ояд басо бошад, ки ҷодугар ва дунёталаб дарояд моҳ дар муҳоқ набошад. Ва бо шиками сер ҷимоъ нашавад.

Ё Алӣ! Шаби душанбе мулозими ҷимоъ бош, ки агар фарзанде ояд ҳофизи Қуръон ва рози ба қисмати Худо бошад. Агар шаби сешанбе ҷимоъ куни ва фарзанде ояд пас аз шаҳодат ва шаҳодатайн шаҳодати рӯзи вай гардад ва Худованд бо мушрикон ӯ кайфар накунад ва бӯи даҳонаш хуш бошад ва раҳмдил ва бо саховат ва покзабон бошад аз ғайбат ва дуруғ ва буҳтон аст агар шаби панҷшанбед ҷимоъ куни ва фарзанде ояд ҳокиме аз ҳукком гарад вё олиме аз уламо. Дар рӯзи панҷшабе зуҳр ҳангоме, ки офтоб дар миёнаи осмон аст агар ҷимоъ шавад фарзанде ба дунё ояд то пир шавад Шайтон ба ӯ наздик нагардад ва бо фаҳм бошад ва дар дину дунё саломати рӯзияш гардад. Агар дар шаби ҷумъа бо занат ҷимоъ куни ва фарзанде ояд суханвар ва гуёву забоновар шавад вагар дар рӯзи ҷумъа пас аз аср бошад ва фарзанде ояд маъруф ва машҳур ва донишман гардад. Агар шаби ҷумъа баъд аз хуфтан бошад умуди фарзанди меравад, ки аз ибдол бошад иншоаллоҳ.

Ё Алӣ! Супориши маро нигаҳдор чунончи ман аз Ҷабраил нигаҳ доштам.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст