Руҳонии шинохтаи кишвар эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода дар посух ба суоли як хонандаи сомонаи хонаводагии Тӯраҷонзодаҳо кӯшиш кардааст ба баҳси омадани Имом Маҳдӣ нуқта гузорад.

Муҳоҷир ном корбари интернет аз эшон пурсидааст, ки дар мавриди омадан ё наомадани Имом Маҳдӣ ихтилофи назар ҳаст. Мехоҳам донам, ки ӯ меояд ё на.

Эшони Нуриддинҷон ба ин савол чунин посух додааст:  «Дар мавриди Маҳдӣ аҳодиси саҳеҳ аз Паёмбар алайҳиссалом ворид шудааст. Балки баъзе аз уламо мисли Алӣ қорӣ аҳодиси ин бобро мутавотир шумурдаанд. Инкор кардани Имом Маҳдӣ баъди ин аҳодис гумроҳие беш нест.

Ба ақидаи мо аҳли суннат Имом Маҳдӣ аз зуррияи Паёмбар алайҳиссалом аст ва номаш Муҳаммад Ибни Абдуллоҳ мебошад.

Инчунин ба ақидаи мо аҳли суннат эшон ҳар вақте Худо хоста бошад таваллуд мешавад ва дар як шаб Худо ӯро ислоҳ мекунад ва ҳафт сол дар замин ҳукмфармо мешавад ва дар рӯи замин адолатро ҷорӣ месозад.

Ҳамаи ин гуфтаҳо бо аҳодиси саҳеҳ ворид шудааст. Худо нигаҳбонатон бошад».

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст