Дар ҷомеаи башарӣ аз қадим то ҳол боварҳои гуногуне оид ба фарқҳо байни марду зан вуҷуд доштааст, ки бештари ин фикрҳо ва ақидаҳо нишондиҳандаи бартарии мард ба зан аст ва ҳеҷгоҳ дар як нигоҳи воқеъбинона зан ба унвони навъ ва гунае аз башар дида нашудааст. Бинобар ин дар тули таърих ҳамеша ҳуқуқи шоистаи занон зери по гузошта шуда ва ин масъала ба далоили гуногуне аз ҷумла огоҳ набудани занон ба ҳуқуқи худ ва ё фидикорие, ки дар онон вуҷуд дорад бисёр масъала оддӣ дониста шудааст. Аммо бо пайдоиши ислом Расули Акрам (с) бо рафтору гуфтораш мақоми занро арҷ ниҳода ва бо муаррифии бартарину болотарин намунаи зани мусалмон ба ҷаҳониён нигоҳи исломро нисбати ба "зан" баён фармудан. Дар ин навишта як нигоҳи гузора ба Китоби Муққадас дошта ва бар он ҳастем то мақоми занро дар ин китоб биёбем ва шаъну ҷойгоҳи зан багунае мебошад, ки тақдими шумо хоҳад шуд.

Як. Бартарии мард бар зан.

"Аммо мехоҳам шумо бидонед, ки Масеҳ бартарини мардон ва мард бартар аз зан мебошад". (Рисолаи Пулус, 11:3) занон аз Масеҳ маҳрум мебошанд.

Ду. Мард ҷалолу азамату бузургии Худо ва зан ҷалоли мард.

"Зеро ки мард, набояд бартарии худро бипушонад, ба ин далел, ки ҷалоли Худо аст аммо зан ҷалоли мард аст". (Рисоли Пулус, аввали Қуринтиён, 11:7) фақат мардон метавонанд ҷалоли Худо бошанд.

Се. Бартарии мард бар зан ҳамчун бартарии Масеҳ бар килисо.

"Шавҳар бартар аз зан аст, чуноне ки Масеҳ низ бартар аз килисо аст". (Эфс-сиён, 5:23)

Чаҳор.Зан итоаткунандаи мард ҳамчун итоати Худо.

"Эй занон! Шавҳарони худро итоат кунед, чуноне ки Худовандро итоат мекунед". (Эфс-сиён, 5:22)

"Ҳамчуноне, ки килисо дар итоати Масеҳ аст занон низ шавҳарони худро дар ҳар коре бояд итоат кунанд" (Эфс-сиён, 5:24)

Панҷ. Набуди ҳаққи таълим бар зан ба далел фареб хурдан.

"Ва занро иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад... балки дар хомушӣ бимонад, зеро ки аввал Одам сохта шуд ва баъди Ҳавво ва Одам фареб нахурд балки зан фареб хурд".

Натиҷа инки ба ду далел зан ҳаққи таълим надорад. Як: баъди Одам халқ шуд. Ду: ӯ буд, ки фареб хурд.

Шаш. Ҳукумати мард бар зан, ҷазои худоӣ барои занон.

Вақте дар ибтидои пайдоиши инсон Одаму Ҳавво гуноҳ карданд Худованд барои ҳар як ҷаримае дар назар гирифт.

"Ва ба зан гуфт: дарду ҳамли туро бисёр зиёд мегардонад ва бо дард фарзандоне мезоӣ ва майлу иштиёқи ту бояд ба шавҳарат бошад ва ӯ бар ту ҳукмро карда ва ҳокиму фармонравои ту хоҳад буд". (Сифри Пайдоиш, боби 3)

Ҳафт. Хилқати занон барои мардон.

"Ва низ мард ба ҷиҳати зан офарида нушад балки зан барои мард". (Қуринтиён, 11:9)

Занон хилқати истиқлолмонанде надоранд ва фақат василае барои мард ҳастанд.

Ҳашт. Растагории зан ба шарти зойидан.

"Одам фареб нахурд балки зан фареб хурд аммо бо зойидан растагор хоҳад шуд".

Нуҳ. Фурухтани духтар ба унвони каниз.

Яке аз аҳкоме, ки дар Аҳди Атиқ ёд шуда амҳкоми фурухтани духтар ба унвони каниз аст ва қонунҳое ҳам оид ба он вуҷуд дорад, ки масеҳиён ин аҳкомро аз ҷониби Худованд медонанд. (Сифри Пайдоиш, 21:7)

Даҳ. Занон ва нопокӣ.

Бар асоси китоби муқаддас зан пас аз ду бор талоқ нопок мешавад! (Сифри Тасния 24: 4)

Зане ки ҳайз мебинад то ҳафт рӯз нопок аст ва агар касе ҳам ба ӯ даст бизанад нопок мешавад, ки дар Сифри Ловиён ба ин шакл баён шудааст:

"Ва агар зане ҷараён дорад ва ҷараёне, ки дар баданаш аст хун бошад ҳафт рӯз дар ҳайзи худ бимонад ва ҳар касе ба ӯ даст бизанад то шаб наҷис ва нопок мебошад ва дар ҳолати ҳайз бар ҳар чизе бихобад он ҳам нопок мешавад ва ҳамчунин бар ҳар чизе, ки бишинад нопокӣ ба он чиз мегузард ва ҳар касе ҷойгаҳи ӯро даст бизанад бояд ҷойгаҳи худро бишуяд ва бо об ғусл кунад ва то шаб нопок мебошад. Ва ҳар кас чизеро, ки зан бар он нишаста бошад даст бизанад бояд ҷойгаҳи худро бишуяд ва бо об ғусл кунад ва то шаб нопок мебошад. Ва агар марде бо ӯ ҳамхоб шавад ва зан дар ҳолати ҳайз бошад, мард то ҳафт рӯз нопок буда ва дар ҳар ҷое, ки бар он бихобад нопок хоҳад буд. (Сифри Ловиён, боби 15, шумораи 19 то охир).

Оё ба ростӣ занон дар ҳар моҳ як ҳафтаро бояд нопок бошанд ва ҳечкас ҳам ҳаққи даст задан ба онҳоро надорад?! Ҷое ки зан дар онҷо мехобад ва ё ҳар ҷое, ки бар он менишинад нопок ва наҷис мешавад?!!

Ой ин ҳамон каромату мақоми зан аст?!!!

Таҳияи М.Мирзо

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст