Осори арзандаи ҳар хислате вобаста ба арзишу аҳамияти он аст ва ба ин далел, ки ростӣ ва ростгӯӣ аҳамияти болое дорад пайомадҳои боарзише дорад, ки дар Қуръон ва ҳадис ба онҳо ба ишора шадааст, ки дар ин навишта бархе аз онҳоро тақдими нигоҳи меҳрубони шумо мекунем.

1)    ҳамроҳӣ бо Худо

Имоми Боқир (а) дар ҳадисе мефармоянд: اَلا فَاصْدُقُوا فَاِنَّ اللهَ مَعَ الصِّدْقِ

Рост бигӯед, ки Худо бо ростӣ ҳамроҳ аст”.[1]

2)    Покии рафтору кирдор

Имоми Козим (а) дар ҳадисе инчунин фармудаанд: مَنْ صَدَقَ لِسانُهُ زَكي عَمَلُهُ

Касе ки забонаш рост бигӯяд, кирдору амалаш пок мешавад”.[2]

3)    Наҷоту саломатӣ

Ҳазрати Алӣ (к) дар ин бора инчунин фармудаанд: عاقِبَهُ‌ الصِّدقِ نَجاهٌ وَ‌ سلامهٌ

Фарҷоми ростгӯӣ наҷот ва саломатӣ аст”.[3] Агар инсон ростгӯ бошад ва ба ин сифат шинохта шавад мавриди боварӣ ва эҳтироми мардум қарор мегирад ва онон сухани ӯро дуруст дониста ва қабул мекунад, дар ин сурат агар барои шахси ростгӯ сахтӣ ва ранҷе расад ин ростгӯӣ аст, ки сабаби наҷоти ӯ шуда ва аз хатар ба саломат мегузарад.

4)    Бузургии мақом

Ҳазрати Алӣ (к) дар ҳадисе дигаре асари дигаре аз ростгӯиро инчунин баён медорад: عَليكَ بِالْصِّدقِ، فَمَنْ صَدَقَ في اَقوالِهِ جَلَّ قَدْرُهُ

Ростгӯиро пеша гир, зеро гуфтораш рост бошад мақому ҷойгоҳаш бузург мешавад”.[4]

5)    Хайри дунё ва охират

Яке аз тавсияҳои дигари ҳазрати Алӣ (к) дар масоили ахлоқӣ инчунин аст: اَرْبَعٌ مَنْ اُعطِيهُنَّ فَقَدْ اُعطي خَيرَ الدُّنيا و الاخرِهِ، صِدْقُ حَديثٍ وَ‌ اَداءُ اَمانَهٍ وَ عِفَّهُ بَطْنٍ وَ حُسْنُ خلقٍ

Чаҳор чиз аст, ки ба ҳар кас дода шуда бошад хайри дунё ва охират ба ӯ бахшида шудааст: ростгӯӣ, адо кардани амонат, нигаҳдории шикам (аз моли ҳаром), хушахлоқӣ”.[5]

6)    Подошҳои охиратӣ

Қуръони Карим ба оқибати хуши ростгӯён ишора дошта ва инчунин мефармояд: قالَ اللهُ هذا يومُ ينفَعُ الصّادِقينَ صِدقُهُمْ، لَهُم جنّاتٌ تجري مِنْ تحتِها الانهارُ خالِدينَ‌ فيها اَبداً رَضِي اللهُ عَنهم و رَضوُا عَنْهُ، ذلِكَ الفَوزُ العظيم

Худованд мефармояд: имрӯз рӯзе аст, ки ростии ростгӯён ба онҳо суд мебахшад, барои онҳо боғҳое (дар биҳишт) аст, ки обҳо ва наҳрҳое аз зери (дарахтони) он мегузарад ва барои ҳамеша дар он (биҳишту боғҳояш) мемонад, Худованд аз онҳо розӣ аст ва онҳо ҳам аз Худованд хушнуд хоҳанд буд ва ин растагории бузуре аст”.[6]

Бинобар и ояти шарифа, онон ки масъулияту рисолати худро анҷом доданд ва дар дунё дар гуфтору амал росту содиқ буданд аз кори худ баҳраи хуб хоҳанд бурд ва ба растагории бузург, ки хушнудии Худованд аст мерасанд.



[1] Биҳор, ҷ 77, саҳ 66

[2] Ғурар, ҷ 2, саҳ 6

[3] Ҳамон, ҷ 4, саҳ 184

[4] Ҳамон, ҷ 3, саҳ 161

[5] Биҳор, ҷ 71, саҳ 2

[6] Сураи Моида, ояти 119

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст