Имом Содиқ(а) фармуд:

«ثَلاثُ دعوات لا یحجُبنَ عَنِ اللهِ تَعالی: دُعاءُ الوالِدِ لِوَلَدِه إِذا بَرَّهُ و دعوتُهُ علیهِ إذا عَقَّهُ ، و دعاءُ المظلومِ علی ظالِمه و دعاؤُهُ لمن اِنتَصَر لهُ مِنهُ ، و رجلٌ مؤمنٌ دَعا لِاخٍ لَه مؤمنٌ واساهُ فینا ، و دعاؤُه علیه إذا لم یُواسهُ مع القدرةُ علیه ، و اِضطرارُ أخیه إلیه ؛[1]

“Се дуост ки аз Парвардигор дар ҳиҷоб намемонад ва қатъан мустаҷоб мегардад:

Аввал дуои падар ва модар дар ҳаққи фарзанде ки нисбат ба волидайни худ некукор бошад ва дуои ишон онгоҳ ки дар ҳаққи фарзанд нафрин намояд.

Дуввум нафрини мазлум (мавриди зулм қарор гирифта аст) нисбат ба золим ва дуои ӯ (мазлум) дар ҳаққи касе ки интиқоми вайро аз ситамгар биситонад.

Севум дуои муъмин онгоҳ ки дуои марди муъмин дар ҳаққи бародари муъмини худ ки ба хотири мо, ӯро кумаки моли карда бошад ва нафрини ӯ дар ҳаққи бародараш ки ба вай туҳтоҷ шуда ва ӯ метавониста аст ниёзашро бартараф созад ва накарда аст.”

Калидитарин рамзи муваффақияти фарзандон

Яке аз калидтарин рамҳзои муваффақияти фарзандон дар тули зиндагӣ, дуои хайри волидайн дар ҳаққи ишон мебошад. Дуои падар ва модар дар ҳаққи фарзанд онгоҳ ки аз дил барояд, дуое аст ки осмонҳои ҳафтгонаро дар менавардад ва бидуни ҳеҷ ҳиҷобе дар маҳзари Парвардигор ба иҷобат мерасад.[2]

إیاکُم وَ دَعوَةَ الوالِدِ... تُرفَعُ فَوقَ السَّحابِ... أحَدُّ مِنَ السَّیفِ

Аз сӯи дигар нафрини падар ва модар фаротар аз абрҳо ба сӯи Парвардигор боло меравад ва зудтар аз зарбати шамшер ба иҷобат мерасад.[3]

Аз инру барои падарон ва модарони азиз лозим аст ки фарзандони худро бо тарбияти хуб ба воя расонанд то дар ояндаи обруи онҳо бошанд ва ҳамеша дасти асои онҳо бошанд.

Худованд моро тавфиқи амал диҳад.



[1] Амолӣ, саҳ 280.

[2] Амолӣ, саҳ 280.

[3] Кофӣ, ҷ 2, саҳ 509.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст