Имрӯз 17-уми январ дар шаҳри Душанбе нахустин маркази хусусии табобати лазерии бемориҳои чашм ифтитоҳ гардид.

Дар маросими расмии кушодашавии клиникаи тоҷикиву амрикоии «СолимMED» муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамҷон Мирзоев, мушовири вазири тандурустии кишвар Дилором Содиқова, намояндагони сафорати ИМА дар Тоҷикистон, кормандони клиникаи нав, мутахассисон ва коршиносон иштирок доштанд.

муовини вазири тандурустии кишвар Аъзамҷон Мирзоев дар баромади худ қайд намуд, ки мақсади ифтитоҳи чунин клиника дар кишвар хизматрасонии баландсифати тахассуссӣ бо истифодаи технологияҳои навтарини лазерӣ мебошад.

Ифтитоҳи ин клиника ва истифодаи системаи лазерии Селекта Трио (Selecta Trio, аз ширкати «Lumenis») дар кори он имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ табобати лазерии глаукома ва бемориҳои диабети чашм ба роҳ монда шавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст