қисми аввал

қисми дуюм

қисми сеюм

Ирс ва силаи раҳм дар миёни хешовандони ризоӣ
Хешовандон бар ҳамдигар ҳаққу ҳуқуқе доранд, ки шариат баъзе аз онҳоро фарзу воҷиб ва баъзеро истеҳбобӣ донистааст. Ирс бурдан ва силаи раҳм аз он ҳуқуқе аст, ки хешовандон бар ҳамдигар доранд.
Аммо касоне, ки ба воситаи шир хурдан, хешовандӣ эҷод мекунанд фақат мустаҳаб аст якдигарро эҳтиром намоянд, вале аз якдигар ирс намебаранд ва ҳақҳои хешовандӣ, ки инсон бо хешовандони худ дорад мисли силаи раҳм барои онон воҷиб нест.
ЧАНД НУКТА:
Агар ҳангоми издивоҷи духтар ва писаре, шубҳае дар мавриди маҳарамияти онон бо шир хурдан вуҷуд дошта бошад, қабл аз ақд бояд ҳал шавад, то ба иллати бе эҳтиётӣ ду нафари маҳрам бо ҳам издивоҷ накунанд.
Мустаҳаб аст занҳо ҳар кудакеро шир надиҳанд, зеро мумкин аст фаромуш шавад, ки ба чӣ касоне  шир додаанд ва баъдан дӯ нафари маҳрам бо якдигар издивоҷ намоянд.

поён

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст