Маҳорими ризоъӣ (касоне, ки бо хурдани шир маҳрам мешаванд)

қисми аввал

Агар зане аз авлоди фарзанди шаръии худ шир пайдо кард, бо риояти шароити махсусе, ки дар навиштори ҷудогона тавзеҳ дода хоҳад шуд, кудакеро шири комил диҳад, он зан ба ҳукми модари кудак хоҳад даромад ва маҳрамият эҷод мегардад ва он марде, ки шири ин зан марбут ба фарзанди ӯст (соҳиби лабан), ба ҳукми падари ӯ ва маҳрами ӯ хоҳад буд.

Падари он мард ба ҳукми падарбузӯрги падарӣ ва модараш ба ҳукми модарбузӯрги падарӣ ва бародари мард ба ҳукми амак ва хоҳараш аммаи ӯ ва дар натиҷа маҳрами он кудак хоҳанд буд. Фарзандони мард ҳам бародар ва хоҳари ӯ ба ҳисоб меоянд. Ҳамчунин падари он зани ширдеҳ ба ҳукми падарбузӯрги модарӣ ва модараш ба ҳукми модарбузӯрги модарӣ ва бародараш тағоӣ ва хоҳараш холаи ризоъии он кудак мешаванд. Ҳамчунин инсон наметавонад бо модари ризоъии зани худ издивоҷ кунад зеро ба ҳукми модарзани ӯ аст. Ҳамчунин фарзандҳои зане, ки шир медиҳад ба шир хурда маҳрам мешаванд, чӣ ҳоло мавҷуд бошанд ва ё баъдан тавалуд шаванд. Фарзандони зани ширдеҳ, фарзандони падари кудаки ширхурда ба ҳисоб меоянд. Бинобар ин падар (шир хурда) наметавонад бо духтарҳое, ки аз он зан ба дунё омадаанд издивоҷ кунад.

Агар инсон бо зане, ки духтареро шири комил дода издивоҷ кунад ва бо он зан наздики кунад, дигар наметавонад бо он духтар издивоҷ кунад, чун падараш хоҳад шуд.

Агар инсон бо духтаре издивоҷ кунад, дигар наметавонад бо зане, ки он духтарро комил шир дода издивоҷ кунад, чун он зан модарзанаш хоҳад буд.

Инсон наметавонад бо духтаре, ки модар ё модарбузӯрги инсон ӯро шири комил дода издивоҷ кунад, зеро ӯ хоҳар ва ё хоалаи ризоъӣ аст. Ҳамчунин агар зани падари инсон аз шири марбут ба падари ӯ духтареро шир дода бошад, инсон наметавонад бо он духтар издивоҷ кунад, чун ҳарду аз шири як мард истифода бурдаанд ва хоҳари ризоъӣ мешавад.

Дар ҳақиқат, шир асосаш ба мард вобаста мешавад ва ба ҳамин сабаб мардро дар фиқҳи исломӣ ба соҳиби лабан муаррифӣ мекунанд. Бар ин асос, вақте ду нафар аз шири як мард шир мехуранд, ризоъ ва маҳрам хоҳанд буд.

Баёни қоидаи куллӣ:

Дар воқеъ шир додан ба як навзод бо риояти ҳамаи шароит сабаб мешавад, ки кудаки ширхурда (на хешу табораш) мисли кудаки вақеии он зан ба ҳамаи касоне, ки кудаки воқеии ӯ маҳрам ҳастанд, ба ғайр аз истиснооте, ки баён мешавад. Ба дигар сухан, ҳеч фарқе аз лиҳози маҳрам ва номаҳрам будан байни кудакони воқеӣ ва ризоъӣ (ширхурда)и як зан вуҷуд надорад, магар истисноот.

идома дорад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст