Бе шак издивоҷ ва интихоби ҳамсар яке аз муҳимтарин мароҳили зиндагии инсонҳост ва қатъан асарҳои муҳимме низ бар зиндагӣ мегузорад. Аммо он чи нақши муҳим дар кайфияти оғоз ва хусусан тадовуми ин пайванд дорад нигоҳи завҷайн ба зиндагии муштарак ва меъёрҳои онҳо дар ташкили хонавода аст. Ҳамин меъёрҳо ҳастанд ки агар саҳеҳ ва асил бошанд асос ва пояи ин пайвандро муҳкам ва бо самар мекунад. Зиндагии ҳазрати Фотимаи Заҳро(а) дар ин замина як намунаи комил ва тамом аст. Арусе ки, ҷиҳоз (сарупои) ӯ нархаш як зиреҳи ҷангӣ ва 400 дирҳам ва асбоб ва лавозими хонааш чанд коса ва кузаи сафолин бошад пайдо аст, ки ба зиндагии муштараки худ чигӯна менигарад.

Инак ҳазрати Фотимаи Заҳро омодаи рафтан ба хонаи шавҳар аст. Падар қабл аз оғози зиндагӣ ба дидори духтараш омада ва бо ӯ гуфтугӯ мекунад ва назари духтарро дар бораи шавҳар ҷуё мешавад. Фотима зимни ин ки Алиро беҳтарин шавҳар медонад ба падар мегӯяд, ки занони Қурайш ӯро ба хотири камбизоатии шавҳараш маломат ва сарзаниш кардаанд. Паёмбар(с) ба унвони падари меҳрубон ва ба монанди муаллими дилсуз барои ҳама духтарон ва занони уммат, охирин дарсҳои зиндагиро ба ӯ медиҳад: Духтари азизам ба суханони мардум гӯш мадеҳ мабодо нигарон бошӣ, ки шавҳарат фақир аст. Ман дар бораи тӯ кӯтоҳӣ накардам, тӯро ба беҳтарин фарди хонадонам шавҳар додам, касе, ки дар Ислом аз ҳама бо собиқатар ва аз лиҳози илм ва ҳилм аз ҳама бартар аст.....

Духтарам шавҳарат беҳтарин шавҳар аст. Мабодо ба ӯ нофармонӣ кунӣ.

Агар чи баррасии ҳамаи он чи дар зиндагии муштараки ин дӯ ҳамсар рух дод барои мо муясар нест, аммо ҳамин қадар медонем, ки ин бонуи намунаи ислом, суханони падарро тавре ба гушу ҷон харид ва дар амал кардан ба он пойбанд буд, ки пас аз он ки чашм аз ҷаҳон фуру баст шавҳараш Али(а) ба сирати неку ва баланд назарӣ ӯро ин гуна сутуд:

Ба Худо қасам то охари умраш зарае ӯро хашмгин насохтам ва ба коре маҷбураш накардам ва ӯ низ заррае маро ба хашм наёвард ва коре аз ман нофармонӣ накард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст