Луқмаи ҳалол ва ҳаром ҳамчун оҳанрабо ҳастанд!

Сайидбурҳон Акбар:

Оҳанрабо ҳарҷо бошад фелезҳоро ба худ мекашад. Агар миқдоре пахтаро аз канори оҳанрабо бигузаронед ҳеҷ иттифоқе намеафтад, аммо агар оҳану фелезҳоро даруни пахта гузошта аз канораш бигузаронед он пахтаро ба худаш мекашад.

Вуҷуди инсон ҳамчун пахта, луқма ҳамчун оҳанрабо, ибодат ва гуноҳ ҳамчун оҳанпора ҳастанд.

Агар инсон луқмаи ҳалол бихурад, вақте аз канори ибодате мегузарад зуд ба он ибодат ҷазб ва кашида мешавад ва машғули он мегардад.

Аммо агар луқмаи ҳаром таъомаш шавад, вақте ба маъсияту гуноҳ мерасад ӯро ҷазбу гирифтор мекунад ва машғулаш мегардонад.

Пас бояд бидонем, ки чунон, ки Худои Мутаол фармудааст: Намоз инсонро аз гуноҳ ва фаҳшо боз медорад ва ҳаминтавр аст луқмаи ҳалол, ки вуҷуди инсонро нуронӣ ва ӯро дар баробари зарарҳо ва маъсияту гуноҳҳои хоста ва нахоста масун ва эмин қарор медиҳад. Ва албатта ба ҳамин миқдор луқмаи ҳаром инсонро ноамну парешон ва торику гумроҳ дар гирифтории гуноҳони хоста ва нахоста қарор медиҳад.

Ва инро бояд донист, ки луқма ҳам таъомро шомил мешавад ва ҳам либосу хона ва касбу кор ва ҳам зиндагии модди ва маънавиро, пас дар хуроку пушок, кору касб ва зиндагии моддӣ ва маънавии худ ҳалолу ҳаромро бештар таваҷҷуҳ кунем то дар ҳифзу беҳтар шудани тарбияти фарзандон ва наслу ояндаи ҷомеаамон саҳми неку ва арзандаеро дошта бошем.

Поянда ва сарфароз бошед

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст