«Наҷҷошӣ» шоир буд. Ӯ дар ҷанги Сиффин дар лашкари ҳазрати Алӣ(к) буд ва муҷоҳидонро бо сурудани шеърҳои ҳамосӣ ба ҳамла ва пойдорӣ таҳрик ва ташвиқ мекард.
Пас аз ҷанги Сиффин, ҳангоме ки дар Куфа буд дар рӯзи аввали моҳи Рамазон шоири дигаре ба номи «Абӯсимол»-ро дид. Ӯ Наҷҷоширо ба хонаи худ даъват намуд ва васвасааш кард ва ҳар ду бо ҳам арақ нӯшиданд. Ин хабар ба имом Алӣ(к) расид. Ҷамъеро фиристод то он дуро дастгир кунанд. Абӯсимол гурехт, вале Наҷҷошӣ гирифтор шуд. Ӯро назди имом Алӣ (к) бурданд. Амирулмӯъминин Алӣ(к) фармуд, то ӯро 80 тозиёна заданд. Пас аз он 20 тозиёна бар он афзуданд.
Наҷҷошӣ рӯ ба имом Алӣ кард ва гуфт: Ё Амирулмӯъминин, ончи ба унвони ҳад буд, донистам, вале нафаҳмидам чаро 20 тозиёна бештар шуд?
Амирулмӯъминин Алӣ(к) фармуд: Ба хотири густохии ту нисбат ба Парвардигорат ва рӯза хӯрдан дар моҳи Рамазон (24).
Ин моҷаро қотеияти имом Алӣ(к)-ро дар иҷрои адолат ва аҳкоми Худо нишон медиҳад. Ҳазрати Алӣ ҳеҷгуна табъиз ва тарсу мулоҳизае дар иҷрои ҳақ надошт.
Яке аз ёрони ҳазрати Алӣ, ки аз дӯстон ва ҳамшаҳриёни наздики Наҷҷошӣ буд ва бо ҷамъи дигар аз мардуми Яман дар бораи тозиёна задани Наҷҷошӣ эътироз карданд ва гуфтанд: Ту миёни дӯстон ва бегонагон ва фармонбардорон ва мухолифон яксон амал мекунӣ ва бо бародари мо Наҷҷоши ингуна шиддати амал нишон додӣ, аз ин ҷиҳат дили моро озурдӣ ва миёни мо ҷудоӣ афкандӣ ва моро ба роҳе водор кардӣ, ки оқибати он рафтан ба дӯзах аст?!
Амирулмӯъминин Алӣ(к) фармуд: Аҳкоми Худо фақат бар мардуми порсо ва фармонбардори дастури Худо осон аст. Эй бародари яманӣ, Наҷҷошӣ яке аз мусулмонон аст, ки ончиро Худованд ҳаром кардааст, анҷом дода ва эҳтироми ҳарими Худоро аз байн бурдааст. Дар бораи ӯ ҳадде иҷро шуд, ки Худованд кайфари чунин гуноҳи қарор додааст.
Мегӯянд, ки ин фарди эътирозкунанда (, ки номаш «Ториқ» буд) бо Наҷҷошӣ шабона аз Куфа назди Муовия мераванд. Муовия бисёр шод мешавад ва дар маҷлисе, ки сарон ва бузургон ва ёронаш ҷамъ буданд шарҳе дар ситоиши худ ва накӯҳиши Алӣ (к) баён мекунад. Ториқ тоқат намеоварад ва бармехезад ва бар шамшери худ такя мекунад, онгоҳ хутбае бисёр шево дар ситоиш ва танзиҳи Худо ва мадҳи Расули Худо (с) мехонад ва мегӯяд: Эй Муовия, мо назди имоми парҳезгор ва одил будем, ки дар перомуни ӯ гурӯҳе аз асҳоби парҳезгор ва ҳидоятёфтаи Паёмбари Акрам (с) ҷамъ шудаанд, ки ҳамагӣ аҳли дин ҳастанд на мардуми дунё, онон ҳамеша шамъи фурӯзони ҳидоят будаанд. Агар касоне аз перомуни ӯ канор мераванд, на барои он аст, ки ҳаққро дар ҷои дигар мебинанд, балки барои ин аст, ки таҳаммули ҳақ бар мардум сахт аст!.
Ва пас аз он ки шарҳи муфассале баён мекунад ба Наҷҷоши мегӯяд, ки ин ҷо ҷои ту нест.
ал-Ғорот, ҷ. 2, саҳ. 536
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст