Баъзе мегӯянд: Занони ҳиҷобпӯш корҳои зишт мекунанд ва аз ҳама бадтаранд!
Бояд донист, ки дар ҳар гурӯҳе афроди бад ва зишткор ҳаст ва ҳҷ кас ҳақ надорад ба баҳонаи бархе ҳамаро муттаҳам кунад. Меъёр Ислом аст на он ки иддаои мусулмонӣ мекунад. Бад будани баъзе аз ҳиҷобпӯон ба ҳиҷоби онҳо иртиботе надорад. Худованд одил ва огоҳ аст. Ҳар касро мувофиқ бо итоаташ савобу подош медиҳад ва муносиб бо гуноҳаш ҷазо медиҳад ва азоб мекунад. Ҷазои риоят накардани сатри аврат сари ҷои худ ва ҷазои ҳиҷобпӯши гунаҳкор сари ҷои худ.
Мардону заноне, ки на танҳо ба пӯшиши комили сатри аврат ва амал ба ҳукми Худо ташвиқу амр ва амал намекунанд ва илова бар он ба занони ҳиҷоби мусулмон тӯҳмат мезананд ва онҳоро бадном ва дигар занонро ба риояти пӯшиши комили исломӣ берағбат мекунанд ҷазои муносиби ин гуноҳонашонро хоҳанд дид.
Зани мусулмон ба вазифаи худ амал мекунад, чунки яқин дорад барнома ва танзими Худо зомини саодати ӯ дар дунё ва охират аст!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст