Баъзе мегӯянд: Ба мардон бигӯед, ки ба занон нигоҳ накунанд!
Имрӯз ҳама пазируфтаанд, ки пешгирӣ беҳтар аз дармон аст. Оби рехтаро намешавад ҷамъ кард ҳол агар ин обрӯи як умри фард бошад чӣ?
Тадбири дини мубини Ислом дар пешгирӣ аз заминаҳои фасод ва ноамниҳои рӯҳӣ равонӣ ва иҷтимоӣ аст. Аз як тараф ба занони мӯъмину мусулмон дастур медиҳад, ки худро дар пеши номаҳрам ва ҷомеа бипӯшонад ва ба гунае либос пӯшад ва сухан гӯяд ва рафтор намояд, ки инсоният ва арзиши волои худододии ӯ барҷаста ва ҳифз шавад ва аз тарафи дигар ба мардони мӯъмину мусулмон дастур медиҳад, ки нигоҳ ва шаҳвати худро контрол ва ҳифз кунанд.
Вандӣ Шлит мегӯяд: Чигуна интизор дошта бошем, ки мардон муҳтарамона рафтор кунанд, дар ҳоле ки таъдоди зиёде аз занон бе шарму ҳаё ва олуда худашон доим паём мефиристанд, ки лозим нест ингуна бошанд!
Линдзӣ Кан мегӯяд: Вақте мард пазируфт, ки нигоҳ кунад ва зан пазируфт, ки ба ӯ нигоҳ шавад мардон ба занон нигоҳ мекунанд ва занон ба худ нигоҳ мекунанд, ки мардон онҳоро тамошо кардаанд. Оё дигар чизе барои дифоъ боқӣ мемонад? Чаро мард ба хона ва ҳамсари худ вафодор бимонад? Аслан чаро хона ва хонавода шакл гирад?
Саволи боло ба назари шумо маҳдуд кардани озодии мардон нест? Чаро мардон нигоҳ накунанд, вақте занон тамоми ҳунари худро дар намоиши зинатҳо ва зебоиҳои арзиши худододии худ ҳастанд барои ҳар касу нокас? Агар ба зан гуфта мешавад, ки худро ба гунае бипӯшон, ки таҳриккунандаи ҷинсӣ ва ҳавасҳои мардони ҳамлагар махсусан олуда набошад чун ин арзиши ту аст! Вақте худат арзиши худатро намешиносӣ ё ҳозирӣ онро арзон ё ройгон дар ихтиёри дигарон бигузорӣ вақте осеб дидӣ аз кӣ мехоҳӣ шикоят кунӣ ва айбро ба гардани ӯ бияндозӣ? Оё умед дорӣ, ки дигарон ба дороӣ ва сарвати арзишманди ту эҳтиром бигузоранд ва ҳаққи ту поймол нашавад?
Ҳамин касоне, ки пӯшиши занонро бегонапарастӣ ва ҷаҳлу нодонӣ мехонанд чаро миллионҳо доллари худро (албатта ба шарти ҳалол ва бо заҳмати ростин ба даст оварда бошанд, ки ...) дар банки Шветсария дар сахттарин шароити амниятӣ ва бе ягон намоишу сару садо мегузоранд, вале мехоҳанд аз дороиҳои занон ва мардум ройгон ва арзон истифода кунанд?
Оё афроди оддӣ то чанд метрии даромадгоҳи биноҳои мақомот озодона дастрасӣ доранд? Метавонанд сурат бигиранд? Камераҳои назоратӣ ин иҷозатро ба онҳо медиҳад? Ва ....
 
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст