Писарам, мо ки оҷиз аз шукри Худо ва неъматҳои бемунтаҳои ӯ ҳастем, пас чӣ беҳтар аст, ки аз хидмат ба бандагони ӯ ғафлат накунем, ки хидмат ба онон хидмат ба Ҳақ аст, чун ҳама аз ӯ ҳастанд. Ҳеҷ гоҳ дар хидмат ба халқи Худо худро талабкор мадон, ки онон ба ҳақ бар мо миннат доранд, ки василаи хидмат ба ӯ Ҷалла ва Ало ҳастанд. Ва дар хидмати онон дунболи касби шуҳрат ва маҳбубият мабош, ки ин худ ҳилаи шайтон аст, ки моро дар коми худ фурӯ барад. Ва дар хидмат ба бандагони Худо ончӣ барои онон пурнафътар аст интихоб кун, на ончӣ барои худ ё дӯстони худ, чунки ин аломати садоқат ба пешгоҳи муқаддаси ӯ Ҷалла ва Ало аст.
Писари азизам, Худованд ҳозир аст ва олам маҳзари ӯст ва саҳифаи нафси мо яке аз номаи амалҳоямон. Саъй кун ҳар шуғл ва амал, ки туро ба ӯ наздиктар кунад интихоб кун, ки он ризои ӯ Ҷалла ва Ало аст.
Бахше аз насиҳати имом Хумайнӣ ба фарзандаш.
Саҳифаи Имом, ҷ.20, саҳ.157
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст