Кафш сабаби ҳифзи по ва либос сабаби ҳифзи бадан мешавад. Ҳифзи бадан танҳо махсуси сармо ва гармо нест. Ҳар миқдор бадан беҳтар пӯшида бошад солимтар ва ҳар миқдор ба сӯи бараҳнагӣ биравем фитна ва фасоди бештареро хоҳем ёфт. Пӯшиш барои зану мард воҷиб аст ва барои духтарон заруритар.
Инсон чизҳои гаронбаҳоро бе сарпӯш дар дастраси ҳама қарор намедиҳад.
Рӯи мошинҳои гаронқимат пӯшиши қиматӣ ва китобҳои гаронқимат навъе пӯшиш ва ҷилд мегузоранд.
Агар бараҳнагӣ ва худнамоӣ ривоҷ ёбад, ҳар кас мехоҳад зебоиҳои худро беҳтар ва бештар нишон диҳад ва ҳарчӣ диққат ба зебоиҳо бештар шавад, инсон аз ҳадафҳои бузурги худ ғофил ва дур мешавад.
Шумо агар дар роҳи мактаб саргарми тамошои диданиҳо бишавед ё аз дарс дер мекунед ё дар дарс ҳӯши шумо ба ёд ва сӯи он диданиҳост. Чун дидан як кори соддае аст, вале асари он дар рӯҳи инсон боқӣ мемонад.
Ҳатто дидани баъзе аз саҳнаҳо дар хоб ҳам инсонро ба худ машғул мекунад.
Ислом барои расидан ба ҳадафҳои хуб сипориш карда, ки аз корҳои пароканда худдорӣ кунед.
Ба чанд намуна диққат кунед:
1- «Барои лаззат бурдан аз ғизо ҳавоси шумо ба ғизои худатон бошад.» Касоне, ки сари дастархон машғули дидани филм ва нигоҳ ба ину он ҳастанд аз ғизои худ лаззати комил намебаранд.
2- Ҳангоми намоз дар муқобили акс ва муҷассама ё дари боз ва рӯбарӯи инсонҳо намоз нахонед, зеро нигоҳ ба инҳо, шуморо аз ҳадафи аслӣ, ки робита ва гуфтугӯ бо Худост боз медорад.
3- Ҳангоми таҳсил ва мутолиа ё дар ҷаласаи имтиҳон ҳар чӣ бештар ба атроф бингарем, муваффақияти мо камтар хоҳад шуд.
Ислом барои ин ки ҳар кас ба ҳадафи худ бирасад ва ҳавосҳо пароканда нашавад, ба ҳама дастур дода аз намоиши зебоиҳои худ дар берун истифода накунанд ва кӯча ва хиёбон ба гунае бошад, ки ҳамаи мардум ҷидди ба сӯроғи кори худ бираванд то ба ҳадафи худ бирасанд.
Ҳар чӣ ҷилвагарӣ бештар бошад ва ҳар чӣ ба атроф бингарем аз тасмими худ кам кардаем.
Ҷӯи об агар ба атроф раҳо шавад, чизе аз он ба зироат намерасад.
Ҳар сол миллионҳо садамаи ронандагӣ дар дунё ба хотири пароканда шудани ҳавоси афрод аст.
Шумо агар ба либос ва кори худ диққат кунед андӯҳ надоред, аммо агар аз хона, ки берун омадед ба ҳар мошин ва либосе чашм духтед ё нисбат ба афроди дигар ҳасодат меварзед ё ғусса мехӯред ё нисбат ба падару модар бадбин мешавед ва ё нисбат ба Худованд камалоқа ва носипос мегардед.
Ин гӯшае аз зарарҳои ҳузур дар ҷомеа бо пӯшишҳои номуносиб ва ба дунболи он чашмчарониҳо аст.
Қуръони Карим мефармояд: «Ба мардону занони боимон бигӯ: Аз баъзе аз нигоҳҳои худ чашмпӯшӣ кунанд. Ва ба занон бигӯ бояд рӯймоли худро бар гардани худ бияфкананд (то илова бар сар гардан ва синаи онҳо низ пӯшида бошад) ва зинати худро (барои номаҳрамон) ошкор накунанд». (Сураи Аҳзоб, ояти 59)
Худованд, ки моро офарид ва ба мо чашм дод ва барои лаззат бурдани мо ҳатто осмонҳоро бо сатторагон зинат дод, агар ба мо гуфт, ки худро бипӯшонед ва ба ҳар чиз нигоҳ накунед, хайру салоҳи моро мехоҳад.
Агар Худованд ба мо дастгоҳи гувориш дод ва анвои меваҳои лазизро барои мо офарид, вале фармуд, ки "гӯшти хук ё шароб нахуред", хайри моро хостааст. Ҳамонгуна ки агар волидайн бо талошҳои шабонарӯзӣ, ҳамаи имконотеро, ки дар тавон доранд барои мо фароҳам кунанд баъд ба мо дастур диҳанд ба тарафи чизи хоссе наравем хайри моро мехоҳанд.
Дар дунё ҳар кишваре аз ҳиҷобу пуӯшиш ва покдоманӣ дӯртар шавад, арқоми хилофкорӣ ва гуноҳони он низ бештар мешавад. Духтарон ва писарони бебандубор, шикори афрод ҳарза мешаванд ва ба онҳо суиқасд мешавад.
Духтарон ва писарони мусулмон бояд бидонанд, ки мактаб ва муҳити солим онҷоест, ки инсон ҳадафро гум накунад ва истеъдодҳои инсон пахш нашавад.
Ислом афродеро маҳрам ва афродеро номаҳрам донистааст. Мо агар бихоҳем бандаи хуби Худо бошем бояд онгуна, ки ӯ мехоҳад либос бипӯшем ва ҳар ҷо ӯ гуфта пӯшиши худро риоят кунем. Писарон низ бояд ба гунае либос бипӯшанд, ки афроди ҳарза ба онон нигоҳи бад наяндозанд.
Қуръони Карим мефармояд: «Ҳар гоҳ хостед чизеро аз занон бигиред аз пушти парда бихоҳед. Ин рафтор барои фикр ва рӯҳи шумо поктар аст.» Сураи Аҳзоб, ояти 53.
Якҷоягӣ ва иртиботи духтару писар ва зану мард бе риояти ҳарим ва пӯшиш, ба покии дил ва рӯҳ ҳар ду зарба мезанад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст