Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) фармуд:
اضربوا بعض الرأی ببعض یتولد منه الصواب
Баъзе андешаҳоро ба баъзе дигар бизанед андеша дуруст аз он падид меояд.
Ғурарулҳикам, саҳ. 266
Дар андеша низ мисли бисёре аз меваҳо, ғизоҳо ва маҳсулот хомӣ ва пухтагӣ ҳаст.
Пухтагии андеша ва назар маҳсули машварат ва ҳамфикрӣ аст.
Зеҳн низ гоҳе бесамар гоҳе борвар ва боровар аст.
Борварии фикр ва дидгоҳ вақте аст, ки дар андешаҳои дигарон зарб ва ҷамъ шавад ва ҳосили он аз камбудӣ ва хато ҳифз бошад ё камхатотар гардад.
Машварат навъе ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ аст, ки ғолибан касе назари машваратӣ мехоҳад ва мушовир дидгоҳи худро баён мекунад. Яке суд мерасонад ва дигарӣ суд мебарад.
Аммо ... табодули назар марҳилаи болотар ва судмандтар аст. Вақте андешаҳо нақд шавад камбудиҳо ошкор мешавад ва фикр пухтатар мегардад ҳамонгуна ки оҳангар ва мисгар бо кубидан бар сари оҳан онро ҳамвор ва судманд мекунад.
Дар нақди андеша ҳар ду тараф (ноқид ва нақдшуда) суд мебаранд.
Вақте табодули назар ба дурустандешӣ хатм мешавад ва хатоҳоро ошкор месозад, пас чаро аз бигурезем?
Нақшеро, ки озмоиш дар улуми таҷрубаӣ-амалӣ дорад дар улуми назарӣ бар ӯҳдаи мубоҳиса ва мунозира ва табодули назар аст.
Бо машварат ва табодул ва нақди назар андешаҳо ва тасмимгириҳоро борвар созем ва ҳам суд бирасонем ва ҳам суд ба даст орем.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст