Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст!
Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст?
Забон узви кӯчаке аст, ки корҳои бузурге анҷом медиҳад.
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Мо ба инсон забон ва ду лаб додем. (Сураи Балад/ояти 9)
Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд: Мусулмон касе аст, ки дигар мусулмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд.
Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: «Сухан бигӯед то шинохта шавед чун (шахсияти) инсон зери забонаш нуҳуфтааст».
Забон ҳам метавонад барои саодати инсон ба кор равад ва ба кор ояд ва ҳам метавонад заминаи бадбахтии ӯ шавад. Кадом як аз ин мешавад? Ин масъала ба худи инсон вобаста аст. Ҳол чанд намуна аз хубиҳои забонро мешуморем ва ба сӯроғи баъзе аз дастуроти Худованд дар бораи забон меравем:
1- бо забон Худоро ибодат, ёд ва аз ӯ ташаккур мекунем.
2- бо забон китобашро мехонем.
3- бо забон мардумро ба сӯи хубиҳо даъват мекунем. (амр ба маъруф)
4- бо забон мардумро аз бадиҳо бозмедорем ва ҳушдор медиҳем. (наҳй аз мункар)
5- бо забон бар сари золим фарёд мекашем ва аз мазлум ҳимоят мекунем.
6- бо забон ба мардум салом, аҳволпурсӣ ва дидорӣ мекунем ва байни дилҳо пайванд мезанем.
7- бо забон мардумро шод мекунем.
8- бо забон азон мегӯем.
9- бо забон омӯзиш медиҳем.
Дар муомила ва робита бо дигарон:
10- бояд бо мардум хуб сухан бигӯем.
11- нисбат ба падару модар сухани тунду беадабӣ нагӯем.
12- асрор мардумро фош накунем.
13- то имкон дорад савганд ва қасам нахӯрем.
14- дигаронро нороҳат накунем.
15- бо риояти инсоф сухан бигӯем.
16- кореро, ки қудрати анҷом онро надорем ваъда надиҳем.
инҳо гӯшаҳое аз осори хуби забон аст.
Акнун ба гӯшае аз гуноҳон ва зиёнҳои забон ишора мекунем:
1- бо забон метавонем ба мардум неш бизанем ва ононро аз худ биранҷонем.
2- бо забон метавонем пушти сар мардум айбҳои онҳоро бозгӯ кунем ва ё барои онҳо айб бисозем ва ба онон нисбат диҳем.
3- бо забон метавон золимро ташвиқ ва ҳимоят кард.
4- бо забон метавон афродеро гумроҳ кард.
5- бо забон метавон афродеро таҳқир кард ва паст зад.
6- бо забон метавон ба нафъи душманон сухан гуфт ва онҳоро ёрӣ намуд.
7- бо забон метавон суханони беҳуда гуфт ва аз ноаҳлон ситоиш кард.
8- бо забон метавон асрори мардумро фош кард.
Пас забон мисли калид аст, ки бо ҳаракат ба сӯе дарро мебандад ва бо ҳаракат ба сӯи дигар дарро мекушояд. Бо забоне, ки метавон он ҳама ибодат кард ва ба саодат расид, метавон гуноҳони зиёде ҳам анҷом доду худро бадбахт намуд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст