Маша Алалыкина монкене, ки акнун ду сол аст ба дини мубини Ислом ворид шудааст ва бо риояти ҳиҷоб ва қонунҳои шариати Ислом, дар донишгоҳҳо дарс медиҳад.

Ӯ яке аз моделистҳои маъруф ва шинохташудае буд, ки акнун Исломро пазируфтааст ва зиндагии худро беҳтар аз ончи дар гузашта дошт, медонад. Ӯ дар суҳбаташ дар ин мавзуъ гуфтааст: акнун, ки вориди дини Ислом шудаам, ҳеҷгоҳ ба хотири ончи дар гузашта будам ва даромадҳои моллӣ ва моддие, ки доштам ҳасрат намехурам, балки дигар барои ман онҳо арзише надоранд. Худам ба тасвирҳои он замонм нигоҳ намекунам ва аз будани онҳо розӣ нестам, аммо бигузор дигарон бибинанд ва каме бо худ фикр кунанд, ки Худо раҳмону бахшандааст ва агар онҳо ҳам тавба кунанд, Худованд онҳоро ҳидоят мекунад.

Машаи мусалмон, нушидани оби Зам-Зам ва ташарруф ба Ҳаҷҷро аз неъматҳое медонад, ки ӯ ҳеҷгоҳ ба фикрашҳам намерасидааст, ки ба онҳо даст пайдо кунад.

Иродаи худ ва лутфи Худоро сабаби асосии расиданаш ба онҷо (мусалмон шуданаш) медонад.

Ӯ мегуяд: вақте яке аз дустонам бемори сахт буд ва дар бемористон дар кумо қарор дошт, барои аввалин бор даст ба сӯи Худо бардоштам ва намозро аввалин бор барпо кардам, бо ин умед, ки Худованд дустамро шифо диҳад.

Шифои дусташро дар асари ин тавассулаш ба сӯи Худо медонад, ки дили худашро ҳам ба Ислом наздиктар ва қабули дигар аҳкоми исломиро барои ӯ осон гардондааст.

Ӯ Исломро сабаби хушбахтиаш медонад ва дигаронро ҳам барои шинохт ва қабули Ислом даъват мекунад ва мегуяд: касоне, ки ба Худо ва Ислом имон надоранд, як лаҳза ба худ оянд ва фақат, берун аз ончи дар зеҳнашон бор кардаанд, бар ҳақ ва инсон фикру андеша кунанд, Ислом дини ҳақ аст ва онро хоҳанд пазируфт.

Орзуе, ки ӯ барои бародарону хоҳарони мусалмон дорад, ин аст, ки ҳамеша ибодату дуъоҳояшон қабул шавад ва дар хонаҳояшон раҳмати илоҳӣ биборад.

мудири Нури Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст