چاپ

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
مَن جَهِلَ مَوضِعَ قَدَمِهِ زَلَّ
Ҳар кас, киҷои пои худро нашиносад мелағзад.
Ғурарулҳикам, саҳ. 189
Омӯзиши дин ин аст, ки дар ҳар қадам, ки бармедорем "чароғи биноӣ" дар дастамон бошад ва роҳро бо огоҳӣ тай кунем то дар ҷои худ давр назанем ва бероҳа ҳам наравем.
Бо ҳар қадаме, ки мебардорем ва мегузорем қадаме ба сӯи як мақсад наздиктар мешавем, вале ин ки он мақсад сарманзили матлуб ва мақсуди аст ё дарраи нобудӣ бояд фикр кард ва огоҳӣ дошт.
Шинохти сиёсӣ ва дониши иҷтимоӣ ва дарки замону шароит низ ба ҳамин далел зарурӣ аст.
Мавзеъгириҳои сиёсии ҳар фард дар вазъияти имрӯз ва ояндаи ӯ нақш ва таъсир дорад. Касе, ки дар паймудан ва ҳаракат дар як роҳи бечароғ бошад гоҳе ба бероҳа меравад.
Қадам дар куҷо мегузорӣ? Дар кадом хат ҳаракат мекунӣ? Худат меравӣ ё туро мебаранд? Худат ба дарку шинохти яқинӣ расидаӣ ё ба ту илқо ва талқин кардаанд?
Роҳ рафтан дар торикӣ хатарнок аст. То нур набошад, ки инсон роҳро аз чоҳ фарқ кунад имкони бероҳа рафтан ё садамаҳои ҷуброннопазир зиёд аст. Бояд меъёр дошт то дар печу хами зиндагӣ ва мавҷҳои ҳодисаҳо налағзид ва гумроҳ нашуд.
Маърифат ва шинохт ҳамон нур аст, ки роҳро нишон медиҳад ва ҷаҳлу нодонӣ аввали бероҳа рафтан аст.
Ҷои қадамҳои худро бишинос то налағзӣ!
بازدید: 1193