چاپ

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
من اشتغل بغیر المهم ضیع الأهم
Ҳар кас ба кори ғайри муҳим машғул шавад корҳои муҳимтарро табоҳ ва нобуд мекунад.
Ғурарулҳикам, саҳ.330
Аз заруритарин корҳо дар як зиндагии муваффақ барномарезӣ ва авлавиятбандӣ дар корҳост.
Ба ҳар чизе ба андозаи аҳамият ва зарураташ бояд баҳо дод ва вақт сарфи он кард.
Ҳамаи корҳо дар як дараҷа аз аҳамият нестанд.
Кори лозим ва кори лозимтар дорем. Фоиданок асту фоидадортар.
Аввал бояд корҳои муҳимтарро бишиносем. Ду барои анҷоми он барномарезии дуруст кунем. Се ба он амал намоем.
Ин шеваи мудирият аст, ки инсонро барои расидан ба ҳадаф ва баҳрагирӣ аз имконот бо дар назар гирифтани шароит кӯмак ва муваффақ мекунад.
Бояд неру ва ниёзро бишиносем ва аз неру барои бартараф кардани ниёз баҳра гирем. Неруи мо гоҳе пул, вақт, қудрати баданӣ ва фурсати ҷавонӣ ва гоҳе ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва эътибори мардумӣ аст.
Ростӣ ба чӣ кор машғулем?
Оё корҳои муҳимтаре ҳаст, ки ба он бипардозем?
Агар вақти худро сарфи корҳои камаҳамият ё ғари зарурӣ ё беҳуда кунем дар оянда ҳасрати ин ғафлат ва бедиққатиро хоҳем хӯрд ва онгоҳ дигар фурсати ҷуброн ё анҷоми он бароямон нахоҳад буд.
Шинохти корҳои муҳимтар ва анҷоми он шарти комёбӣ аст. Дар ғайри ин сурат ончӣ бояд анҷом диҳем замин мемонад ва корҳои камаҳамият сармоя ва вақту умри моро мехӯраду мебарад!
Оё кори муҳимтаре аз дидани филму суратҳои футболистҳои аврувоӣ ё амрикоӣ ё ... надорем?
Як лаҳза фикр кардем, ки аз тамошои онҳо ва сарфи даҳҳо соат дар ин кор чӣ чизем ба фоидаи мо шуд?
Оё барои корҳои муҳимтар вақт ва ангеза дорем?
Вазифа ва корҳои мо дар баробари падару модар, бародару хоҳар, ҳамсару фарзанд, ҳамсояву дӯстон ва атрофиён чист ва чӣ қадар ба фикри анҷоми он ҳастам?
Магар мо чӣ қадар умру вақт дорем?
Шояд ҳамин лаҳза ва ...
Пас оқилона барномарезӣ кунем!
بازدید: 1172