Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
من طلب صدیق صدق وفیا طلب ما لا یوجد
Ғурарулҳикам, саҳ. 442
Касе, ки дар пайи дӯсти содиқи бовафо бошад дунболи чизе мегардад, ки ёфт намешавад.
Дуруст аст, ки бояд дар интихоби дӯстони шоиста кӯшиш кунем то ҳамнишини мо беҳтар аз мо бошад то ақлу дини мо бияфзояд, вале воқеъбинӣ ҳам муҳим ва арзиш аст.
Гули беайб Худост. Камоли мутлақ ва вуҷуди бенақсу беайб ҳам Парвардигор аст ва баъд Паёмбарон ва авлиёи Худо ҳастанд.
Инсон бар асоси табиаташ заъфу айбҳо дорад, ки гоҳе ҳам табиӣ ва оддӣ аст.
Пайдо кардани дӯсти беайб, ки аз ҳар чиҳат поку беайб бошад воқеан сахт аст. Ормонӣ фикр кардан дар ин бора сабаб мешавад, ки инсон танҳо монад.
Аз худамон пурсидаем, ки оё худи мо беайбу бекамбудӣ ҳастем то аз дигарон интизор дошта бошем, ки чунин бошанд?
Дар масъалаи интихоби ҳамсар ҳам баъзе бо ҳамин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Ёфтани ҳамсари ормонӣ ва сад дар сад мувофиқу дилкаш ва беайб воқеан сахт аст. Ба хотири ҳамин сахтгирӣ баъзе наметавонанд ҳамсар интихоб кунанд ё хеле дер мешавад ва саранҷом ба камтар аз он мерасанд.
Албатта бояд талош кунем, ки аз дӯстӣ бо одамони олуда ва гунаҳкор дурӣ кунем!
Вале ... дар баробари айбҳо ва хислатҳои нописанд гоҳе бояд сабр кард. Яке бо ҳамаи хубиҳояш каме тундхӯ ё худхоҳ аст. Дигарӣ хеле поку диндор ва ахлоқи нек дорад, вале каме тарсу ё суст аст.
Кист, ки беайб бошад?
Бояд воқеъбин бошем то бедӯсту танҳо ва гӯшагир нашавем ва дар паи ончӣ намерасем ва ёфт намешавад бошем!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст