چاپ

Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
الصاحب کالرقعة فی الثوب فاتخذه مشاکلا
Ҳамнишин ва дӯст монанди поргии либос аст. Пас онро ҳамшакл бигир!
Ғурарулҳикам, саҳ. 379
Ин сухан, ки ҳазор дӯст кам ва як душман бисёр аст сухани дурусте аст.
Ин сухан ҳам ки интихоби дӯст ҳунар аст ва ҳунари бузургтар нигаҳдории дӯст аст дуруст аст.
Муҳимтар аз ҳама доштани меъёр дар интихоби дӯст аст.
Равшан аст, ки ҳамнишин чӣ қадар бар фикру рафтори инсон таъсир дорад.
Гоҳе поктарин инсонҳо қурбонии ҳамнишинӣ бо дӯстони нобоб мешаванд.
Гоҳе ҳам инсонҳои хатокор ва олуда дар асари ҳамнишинӣ бо поку шоиста аз атри хушбӯи садоқату поки ва диндории онон муаттар мешаванд ва роҳи нав дар пеш мегиранд!
Интихоби ҳамнишин ва дӯст чунон таъсир дорад, ки ба поргии либосе, ки пора шуда ташбеҳ шудааст.
Оқилона он аст, ки поргиро аз ҷинсу навъ ва ранги порчае интихоб кунем, ки ба ҳам таносуб дошта бошанд ва ноҳамоҳанг набошад то боиси масхара шудани шахс нашавад.
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз
Кабутар бо кабутар боз бо боз
Зебанда ва лоиқи як мусулмон дӯстӣ бо шахсе аст, ки лаёқати ахлоқӣ ва покиву динӣ дошта бошад.
Касе, ки ба шахсият ва диндориву покии шумо осеб мерасонад поргии номуносиб аст ва боиси бадномӣ ва беэътибории шумо мешавад!
Саъдии ширинсухан мегӯяд:
Гили хушбӯй дар ҳаммом рӯзе
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам
Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ
Ки аз бӯи диловези ту мастам
Бигуфто: Ман гили ночиз будам
Валекин муддате бо гул нишастам
Камоли ҳамнишин бар ман асар кард
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам
Гил бо ҳамнишинӣ бо гул хушбӯё шуд, вале писари Нӯҳ(а) дар асари ҳамроҳӣ бо ҳамнишинони бад бадоқибат ва бадбахт шуд!
بازدید: 1243