چاپ
Ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
مِنَ الشِّقاءِ أن یَصُونَ المَرءُ دُنیاهُ بِدِینِهِ
Аз бадбахтии инсон ин аст, ки дунёи худро (бо харҷи) динаш нигаҳ дорад.
Ғурарулҳикам, ҳадиси 6, саҳ.27
Гоҳе дин ё дунёи инсон ба хатар меафтад.
Ҳифзи дунё ва пойбандӣ ба дин ҳар ду вазифаи инсон аст, вале дар шароите, ки яке бояд қурбонии дигарӣ шавад ва бо харҷи яке дигариро метавон нигаҳ дошт ва аз нобудӣ пешгирӣ кард кадом муҳимтар ва нигаҳдорияш лозимтар аст?
Ҳамеша оқилону дурандешон чизи камтар ва беарзиштарро фидо мекунанд то он чӣ арзишмандтар аст бимонад ва ҳифз шавад.
Ҳатто вақте ҷонамонро фидо мекунем бояд фидои чизе шавад, ки аз ҷону моли худамон боарзиштар ва муқаддастар бошад мисли ҷиҳод дар роҳи Худо, ҳифзи дин ва шарофату ҳақиқат.
Агар ба хотири раёсат, ба даст овардани мақому мансаб, сарвату шуҳрат ва ҳалли мушкилоти рӯзгор хиёнат кунем, дурӯғ бигӯем ва суроғи роҳҳи нодуруст ва гуноҳ биравем ё ришва бигирем ё ришва бидиҳем, ё аз ҷойгоҳ ва масъулияте, ки дорем ғайриқонунӣ ва золимона истифода кунем ё вазифаҳои динии худро тарк кунем ҳамаи инҳо навъе харҷи дин барои расидан ва ҳифзи дунё аст.
Нишонаи муҳимми инсони бадбахт харҷи дин барои дунё аст. Аз ин инсон ҳам бадбахттар касе аст, ки дини худро барои дунёи дигарон харҷ кунад!!!
Гузаштан ва харҷ кардани дин ҳам фақат кофир шудан ва аз Ислом даст кашидан нест, балки касе, ки барои расидан ба мақому мансаб ва унвону шуҳрат, сарвату қурдат, аз ҳарому гуноҳ чашм намепӯшад, дурӯғ мегӯяд, тӯҳмату буҳтон мезанад, ҷинояту хиёнат мекунад ба ҳамон андоза дини худро харҷ кардааст ва онро ба дунё фурухтааст.
Оё фикр кардаем, ки дунёе, ки мо ҳозирем дини худро харҷи он кунем чӣ қадар арзиш дорад, чӣ қадар муҳлат дорад, ба сари дигарон чӣ овардааст ва дине, ки аз он мегузарем чӣ қадар муҳим аст?
Пас бояд аз дунё гузашт ва динро ҳифз кард ва дунёро барои дин харҷ намуд то бадбахт нашавем!
Умар ибни Саъд ба хотири расидан ва ҳукумати Рай ҳозир шуд лашкари Язиди палидро раҳбарӣ ва дастури куштани имом Ҳусейн ибни Алӣ гули хушбӯи Расули Худо(с) ва сарвари ҷавонони аҳли биҳишт меваи умри ҳазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳроро бидиҳад ва ба хуни поки имом Ҳусейн дасти худро олуда кунад.
Албатта ин имтиҳони сарнавиштсоз сахту душвор аст, пас Худоё, ту дасти моро бигир ва моро аз бадбахтӣ наҷот деҳ!!!
Ба ман тавфиқ деҳ, ки ҳушёру бедор бошам то дини худро харҷи дунёи худ ё бадтар аз он дунёи дигарон накунам!!!
بازدید: 1223