Имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуд:
مغلوب الشهوة اذل من مملوک الرق
Мағлуби шаҳват залилтару хортар аз ғулом аст.
Ғуруралҳикам, ҷ.6, саҳ.138
Шаҳват фақат шаҳвати "ҷинсӣ" нест. Ҳар хостаи нафсонӣ ва майлу ғаризаи ҳайвонӣ дар вуҷуди мо навъе шаҳват аст. Нафси инсон хостаҳое дорад ва мехоҳад онро таъмин кунад.
Гарчӣ ҳикмати Худо ин хостаҳо ва майлу гароишҳоро бар асоси ниёзи ҳаёти ва чархиши зиндагӣ ва идомаи вуҷуди инсон ва ҳастӣ қарор додааст, аммо таъмини ҳар кадом ҳадду марз ва роҳу равише дорад. Мотор дар мошин лозим аст ва неру ва суръат дар он эҷод мекунад ва мошинро ба ҳаракат медарорад, вале агар суръати он танзим ва мудирият нашвад ҳодиса ва фоҷеа ба бор меорад, ки на аз мошин нишоне мемонаду на аз мошинсавор асаре.
Касе, ки натавонад бар хостаҳои нафс ва майлу гароиши худ мудир ва амир бошад, балки мағлуб ва итоаткунандаи беҳисобу китоб аз он бошад хору залил ва бадбахт мегардад.
Мағлуби шаҳвати ҷинсӣ шудан одамиро ба кори ҳаром меафканад ва расво месозад.
Мағлуби шаҳвати молӣ шудан инсонро ба ҳаромхорӣ ва сарватандузӣ ва қорунсифативу нобудӣ мекашонад.
Мағлуби шаҳвати мақому мансаб шудан фардро барои расидан ба он чӣ надорад ва нигаҳ доштани он чӣ дорад ба рақобату ҳасодат, ҷурму ҷиноят ва хориву нангу мерасонад.
Ғуломии нафсу шаҳват бисёр фоҷеабортар аз хории ғуломе аст, ки хариду фуруш мешавад ва назди ину он хидматкорӣ мекунад. Аввалӣ худ интихоб карда ва ба дувумӣ бор кардаанд. Аввали аз даруну берун махсусан рӯҳаш ғулом аст, вале дувумӣ ҷисми ғуломӣ, вале рӯҳи озод дорад. Аввалӣ ғуломии худро намедонаду дувумӣ аз он огоҳ аст. Пас худкардаро даво нест.
Сарбаланд ва амир касе аст, ки сарвар ва мудири нафсу шаҳват бошад на асиру гирифтор!
Гар бар сари нафси худ амирӣ мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ!
Рӯдакӣ
Худоё, моро аз асорату ҳақорати нафсу шаҳват наҷот деҳ ва бандаи худ гардон!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст