Ҳазрати имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) мефармояд:
إنِّی أُحِبُّ الصَّلوة
Ман ба намоз ишқ меварзам ва онро дӯст медорам.
Ҳазрати имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) зуҳри рӯзи даҳум (ошуро)-и моҳи Муҳаррами соли 61 ҳ.қ. дар сахттарин шароит намози пешинро аввали вақт бо ҷамоат барпо карданд, то нишон диҳад, ки ӯ ошиқи намоз ва робита бо Худост ва агар уммати мусулмон пушти сари ӯ ва ӯ имомашон бошад Худопараст ва Худодӯст мешаванд ва аҳли ҳидояту саодат мегарданд! Ҳанӯз мазлумияти имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) боқист! Дирӯз ӯро бо номи дин ва ҷонишинии ҷаддаш Расули Худо (с) мазлумона, бо лаби ташна, ҷинояткорона ва бераҳмона сарашро буриданд ва имрӯз бо номи дин ва фатво ва суннат пеши зикри номи ӯ ва зинда нигаҳ доштани ёду фидокорӣ ва сармашқгирӣ аз ихлосу ибодати ӯро мегиранд ва пайравони ростини ӯро дар кишварҳои исломӣ сар мебуранд! Таърих такрор мешавад! Пас бояд ҳушёр бошем, то язидиёни палид ва ибни зиёдҳои замон моро фиреб надиҳанд ва моро аз Қуръону Паёмбари Аъзам (с) ва Аҳли байти атҳораш, ки ситорагони ҳидоят ва пешвоёни саодат ҳастанд ҷудо накунанд! Набояд гузошт, ки он фоҷеа дубора такрор шавад! Касоне бо иддаои намояндаи дин, пайрави Қуръони Мубин ва Расули раҳматун лилоламин (с) маҷлиси азо ва зинда нигаҳдоштани ёду хотира ва сармашқгирӣ аз сарвару солори шаҳидон ҳазрати Абоабдиллоҳи Ҳусейн ибн Алиро сабаби фитна ва тафриқа медонанд ва пеши ин таъзими шаоири диниро мегиранд, вале мардумро аз такрор шудани ҳаводиси солҳои навадум метарсонанд! Инҳо бояд бидонанд, ки дар пешгоҳи адли Илоҳӣ бояд посухгӯи ин амали ноҷавонмардонаи худ бошанд! Он рӯз унвону нигаҳбону дастурдиҳандагону ҳамроҳон суде нахоҳад дошт! Мо аз фоҷеаи Карбало ва шаҳодати мазлумонаи сарвару солори шаҳидон ҳазрати имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) ва ёрони фидокори эшон ёд мекунем, то дар доми шурайҳи қозиҳои дин ба дунё фурухта гирифтор нашавем!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст