چاپ
Нақши тарбиятии падару модар ва дигар аъзои хонавода баъд аз таваллуди навзод бисёр сарнавиштсоз ва муҳим аст.
Аввалин дастури дин баъд аз таваллуди фарзанд гуфтани азон дар гӯши рост ва қомат дар гӯши чапи навзод аст. Расули Худо (с) фармуд: Эй Алӣ, вақте соҳиби фарзанди писар ё духтар шудӣ дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапи ӯ қомат бигӯ. Дар ҳақиқат шайтон наметавонад ба ӯ зарар бирасонад. (Туҳафулуқул, саҳ.17)
Вақте навзод чунин тарбият шавад ва аввалин садо ба гӯшҳояш азон ва қомат бошанд дар майли ӯ ба намоз ва бандагии Худо асари хуб мекунад, вале агар падару модар ба ҷои садои зебо ва маорифи болои тавҳидии азон ва қомат садои ҳар навъ мусиқии ҳаром ва гуноҳолуд ба гӯши бача бирасонанд ӯро аз майл ба намоз ва бандагии Худо дур кардаанд.
Даврони кӯдакӣ марҳилаи бисёр муҳим дар тарбият динии фарзандон аст. Ошноии дурусти падару модар бо дин ва амал ба аҳкоми он махсусан намоз дар алоқаманд кардани фарзанд ба намоз ва амал ба аҳкоми дин таъсири зиёд дорад. Имом Содиқ (а) мефармояд: Мо фарзандони худро аз панҷсолагӣ ба намоз фармон медиҳем ва шумо фарзандонатонро аз ҳафтсолагӣ ба намоз фармон диҳед. (Макоримулахлоқ, саҳ. 222)
Илова бар он чӣ падару модар ба фарзандони худ аз аҳком ва масъалаҳои динӣ махсусан намоз мегӯянд бояд дар амал ба он гуфтаҳо хеле диққат кунанд, чун фарзандони аз амали мо беш аз суханони мо таъсир мепазиранд ва агар сухани мо бо амал ҳамроҳ шавад дучандон асар мегузорад.
Дусад гуфтаро ними кирдор нест!
Ба амал кор барояд ба сухандонӣ нест!
Умедворем дар анҷоми вазифаи динии худ ва тарбияти динии фарзандони худ муваффақ бошем!
بازدید: 1088