چاپ

Худои Мутаол дар ояти 187 сураи Бақара мефармояд:
أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ الْصِّيَامِ الْرَّفَثُ إِلَى‏ نِسَآئِكُمْ هُنَّ لِبَاسٌ لَّكُمْ وَ أَنْتُمْ لِبَاسٌ لَّهُنَّ عَلِمَ اللَّهُ أَنَّكُمْ كُنتُمْ تَخْتَانُونَ أَنْفُسَكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ وَعَفَا عَنْكُمْ فَالْآنَ بَشِرُوهُنَّ وَابْتَغُواْ مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ وَ كُلُواْ واشْرَبُواْ حَتَّى‏ يَتَبَيَّنَ لَكُمْ الْخَيْطُ الْأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الْأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ثُمَّ أَتِمُّواْ الْصِّيَامَ إِلَى الَّيْلِ وَلاَ تُبَشِرُوهُنَّ وَ أَنْتُمْ عَكِفُونَ فِى الْمَسَجِدِ تِلْكَ حُدُودُ اللَّهِ فَلاَ تَقْرَبُوهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ ءَايَتِهِ لِلْنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَّقُونَ
Дар шаб‏ҳои рӯза (моҳи Рамазон) омезиш бо ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шуд. Онҳо барои шумо (ҳамчун) либосанд ва шумо барои онҳо (ҳамчун) либос ҳастед. Худованд медонист, ки шумо ба худ хиёнат мекардед (ва омезишро, ки мамнӯъ буд, баъзан анҷом ме‏додед). Пас тавбаи шуморо пазируфт (ва ба шумо лутф кард) ва аз шумо даргузашт. Акнун (ме‏тавонед) бо онҳо ҳамбистар шавед ва ончиро Худованд бар шумо муқаррар фармуда, талаб кунед. Ва бихӯред ва биёшомед то риштаи сафед аз риштаи сиёҳ (-и шаб) барои шумо ошкор гардад. Сипас рӯзаро то шаб ба итмом расонед. Ва дар ҳоле ки дар масоҷид эътикоф нишастед, бо занон омезиш накунед. Ин ҳудуд ва аҳкоми илоҳӣ аст. Пас (ба қасди зиёдаравӣ ва гуноҳ) ба он наздик нашавед. Худованд инчунин оёти худро барои мардум, равшан ме‏созад. Умед аст, ки парҳезгор гарданд.‏
بازدید: 1480