چاپ

Ба дастури Амир Темур Мир Сайид Алии Ҳамадониро барои мулоқот пеши ӯ ҳозир бурданд.
Чун Темур шунида буд, ки Сайид ҳеҷ гоҳ пушт ба Каъба намешинад, қасдан ӯро пушт ба Каъба нишонду гуфт: Шунидам, ки пушт ба қибла наменишинӣ! Имрӯз чаро хилоф кардӣ ва ин тавр нишастӣ?
Сайид ҷавоб дод: Ҳар кӣ рӯ ба шумо кунад, бешак пушташ ба қибла хоҳад буд.” (Равзатулҷанон ва ҷаннотулҷанон, Ҳофиз Ҳусайн Карбалоии Табрезӣ, равзаи ҳаштум)
Зоҳиран ба Темур ишоравор тазаккур дод, ки агар касе аз амире чун ту итоат кунад, бояд бо Каъба худоҳофизӣ намояд.
بازدید: 1304