چاپ
Даҳуми моҳи мубораки Рамазон вафоти ғамангези Уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз) аст. Тақдим ба модари мӯъминон ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз)
Ту кистӣ, ки синаи мо беқарори туст?
Чашми замину чашми замон сӯгвори туст
Дар ҳар куҷо ҳамеша канори паямбарӣ,
Дар ҳар куҷо ҳамеша паямбар канори туст!
Кам нест ин, ки модари Заҳрои атҳарӣ,
Савганд мехӯрам, ки ҳамин ифтихори туст!
Дар роҳи пуштибонии Ҳақ беқарор буд,
Бингар Расулу Фотима ҳам беқарори туст!
Хайри касири хонаи Пайғамбар аз ту буд,
Заҳрои хонаи набавӣ ёдгори туст!
Гуфто Расул: Маряму Заҳрову Осия,
Аз беҳтарин занони ҷаҳон дар шумори туст!
Душман ҳамеша баҳри хазонат талош кард,
Бингар Худой хост гулафшон баҳори туст!
Аз чашм сели ашк равон аст дар ғамат,
Хуршеди Фотима ҳама дам посдори туст!
Ёдат ҳамеша ҷовиду роҳи ту пурумед
Бахти сафед дар ду ҷаҳон бин ёри туст!
Абдусалом
بازدید: 1581