چاپ

Ба номи Худои бахшанда ва меҳрубон
Рӯзи моҳи Рамазон ва рӯзадорӣ аст.
Ҳоло соат 18:30 аст. То замони ифтор ва рӯзакушоӣ ҳанӯз ҳудуди 2 соат вақт аст.
Рӯзадор хеле ташна ва гурусна шуда мунтазири замони ифтор чашм ба соат дӯхтааст.
Лаҳзаҳо дер ва ба сахтӣ сипарӣ мешаванд.
Ҳарорати ҳаво имрӯз зиёд буд ва ӯро ташна ва азият кардааст.
...
Ба замони ифтор хеле наздик шуда ва ҳамин чанд сонияи дигар азони намози шом гуфта мешавад.
Ҳоло садои Аллоҳу акбар – Аллоҳу акбар ... ва замони ифтору поёни рӯз!
Дастархонро модарҷон ё ҳамсари қобил ё ... омода кардааст.
Дар дастархон чойи ширин, нони гарм, хӯроки лазиз, мева ва хурмо чида шудааст.
Ва ҳамла баъд аз чандин соат интизории ин лаҳза ва сипарӣ шудани як рӯзи моҳи шарифи Рамазон!
Оё фикр кардем, ки моҳи меҳмонии Худо, моҳи мубораки Рамазон ва рӯзадорӣ ҳамин аст?
Оё ин гуруснагӣ ва ташнагӣ моро ба фикр водор намекунад?
Оё мо, ки тоқати чанд соат дурӣ аз шикам -нахӯрдану наошомидан- ва зери шикамро надорем ба фикри гуруснагӣ ва ташнагии сарои ҷовидона нестем?
Мо ки тоқати чанд дараҷа ҳарорати офтоби дунёро надорем метавонем оташи азиму шуълавару кабобкунандаи доимии дӯзахро сабр кунем?
Чӣ кор кунем?
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард!
Имрӯз метавонем ба фикри он рӯз бошем ва барои наҷоти он рӯз захира кунем!
Чигуна?
Оё фикр кардем, ки баъзе аз инсонҳо, ки дар атрофи мо бо мо зиндагӣ мекунанд ва чӣ басо хешу табори мо бошанд ба ҳар далеле 12 моҳ ин гуна ҳолу рӯз доранд ва мо ҳеҷ гоҳ натавонистем ҳоли онҳоро дарк кунем!
Моҳи мубораки Рамазон ва рӯза барои кӯмаки мо омадаанд!
Бо сер кардани ниёзмандон, бо меҳрубонӣ ба ятимон ва дастгирӣ аз ниёзмандон!
Бо сабру таҳаммули чанд соат гуруснагӣ ва ташнагии зудгузари дунё ва покдоманӣ ва амирӣ бар шикаму шаҳват!
Ростӣ моҳи шарифи Рамазон ва рӯза моро амири нафсу шикаму шаҳват мекунад ва аз асирӣ наҷот медиҳад!
Аҷаб Худои меҳрубону кордон дорем ва фурсатҳои пурбаракат ва арзишманд дар ихтиёри мо аст!
Пас ғанимат бидонем ва ҳаракат кунем, то дар поёни ин лаҳзаҳо, ки хеле зуд мегузаранд пушаймон нашавем!
Аз Худои меҳрубон бо амал ба дастурҳояш ва дастгирӣ аз халқаш ташаккур кунем!
Барномаи Худо ҳам Қуръони Карим ва иҷрокунанда ва сармашқи иҷрои он барои мо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва Аҳли байти покаш ҳастанд!
Пас узр надорем!
Худоё, моро ба он чӣ ризои ту ва маслиҳати мо аст тавфиқ бидеҳ!
Илоҳӣ омин!
بازدید: 1575