چاپ

Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд:
اِذَا رَأَیتُمُ الرَّبِیعَ فَاکثرُوا ذِکرَ النُّشُور
Ҳар гоҳ баҳорро дидед бисёр аз зинда шудан дар қиёмат ёд кунед.
Табиат ба унвони яке аз нишона‏ҳои Худо саршор аз дарс ва ибрат аст. Диле, ки бедор аст, дар ҳар падида‏е ибрат ме‏бинад ва аз ҳар нишонае дарс ме‏омӯзад. Бедордилон аз баҳор дарс дигаргунӣ ва нав шудан ме‏омӯзанд
Тааммул ва тафаккур дар хусуси омадани фасли баҳор ва зинда шудани дубораи табиат боис мешавад, ки:
1- Қудрати Парвардигорро дар мирондан ва зинда кардани олам ва одам дарёбем.
2- Мо низ камтар аз табиат набошем ва дарси дигаргунӣ барои беҳтар шудан ва шукуфоӣ ва тароват биёмӯзем.
3- Тасвире воқеӣ аз рӯзи растохез ва зинда шудани инсонҳо дар вазъи навро дар зеҳни худ муҷассам намоем.
Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр
Ҳар варақаш дафтарест маърифати Кирдигор
Ба умеди баҳори тоза дар рӯҳу ҷони ҳамаи мӯъминон ва пӯяндагон роҳи такомул. Ин шоа Аллоҳ
بازدید: 1437