چاپ

Шайтон ба ҳазрати Яҳё(а) гуфт: Мехоҳам туро насиҳат кунам.
Ҳазрати Яҳё (а) фармуд: Ман майл ба насиҳати ту надорам, вале мехоҳам бидонам, ки табақоти мардум назди шумо чигунаанд.
Шайтон гуфт: Мардум аз назари мо се гуруҳ ҳастанд:
1. инсонҳое мисли шумо аз гуноҳ поканд, ки аз инҳо ноумедем ва медонем, ки фиреби моро намехӯранд.
2. афроде, ки барои мо мисли тӯп ҳастанд, ки ба ҳар тараф мехоҳем мегардонем.
3. касоне ҳастанд, ки аз дасти онҳо ранҷ мебарам, зеро фиреб мехӯранд, вале сипас аз кардаи худ пушаймон мешаванд ва истиғфор мекунанд ва тамоми саъю талоши моро барбод медиҳанд. Дафъаи дигар наздик аст, ки пирӯз шавем, аммо онҳо ба ёди Худо меафтанд ва аз чанголи мо мегурезанд. Мо аз ин инсонҳо ҳамеша ранҷ мебарем...

بازدید: 1594