Ниёзҳояшро бишиносед. Фурсати муносиберо ба шиносоии ниёзҳои ӯ ихтисос диҳед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Магар ту чи кам дорӣ, ки ин корро мекунӣ?”
Метавонед бигӯед: “Дӯст дорам дар як фурсати муносиб бо ҳам бинишинем ва масоили гуногунро баррасӣ кунем ту чи замонеро пешниҳод мекунӣ?”
Ба ӯ масъулият бидиҳед ва ташвиқ кунед то дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ ширкат кунад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Одаме, ки дуздӣ мекунад ҷойгоҳе дар байни дигарон надорад ва ҳеҷ кас ӯро намепазирад.”
Метавонед бигӯед: “Фикр мекунам, ки ту масъулиятпазир ҳастӣ ва метавонӣ бахше аз барномаҳои мактаб ё боғчаро ба ӯҳда бигирӣ. Мо ҳам ба ту кӯмак мекунем.”
Бо ӯ мантиқӣ бархурд кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Чашмам равшан! Аз чи касе ин корҳои зиштро ёд гирифтӣ?”
Метавонед бигӯед: “Ин дафтарча, ки дохили сумкаи туст моли дӯстат аст. Бояд онро ба ӯ баргардонӣ!” Ҳангоми адои ин ҷумла лаҳни ҷиддӣ ва қотеъ, аммо бе сарзаниш дошта бошед. Агар барои ҳифзи обрӯяш дар назди шумо ба инкори мавзӯъ пардохт қабул накунед, вале ӯро дурӯғгӯ нахонед, балки бо ҳамон қотеият, ҷумлаи худро такрор кунед ва агар лозим шуд дафтарчаро дар биёваред ва боз ҳам ба таъкид бигӯед: “Ин дафтарчаро бояд ба дӯстат баргардонӣ чун моли ӯст.”
Роҳи ҳаллро барояш шаффоф кунед то аз бунбасте, ки дар он гирифтор шуда наҷот пайдо кунад. Тавре бо ӯ саҳбат накунед, ки маҷбур ба дурӯғ гуфтан шавад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Чаро ин корро кардӣ? Ҳон? Зуд бигӯ, ки чаро пулҳои духтархолаатро бардоштӣ?”
Метавонед бигӯед: “Пулҳои духтари холаатро ҳарчи зудтар ба ӯ баргардон.” Ӯро ташвиқ кунед то зимни узрхоҳӣ аз иштибоҳаш пулро баргардонад ва агар барои ҳифзи обрӯи худ тавзеҳе дод монеи сухан гуфтанаш нашавед. Ба ӯ бигӯед ҳар вақт, ки пул лозим дорад бояд мавзӯъро бо шумо дар миён бигузорад, на ин ки пулҳои дигаронро бардорад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ҳаминро мехостӣ, ки обрӯи маро бибарӣ?”
Метавонед бигӯед: “Фикр мекардам ҳар масъала ё ниёзе дошта бошӣ ба худам мегӯӣ, аммо ҳоло дилам гирифта ва эҳсоси ноумедӣ мекунам.”
Огоҳии худро аз коре, ки анҷом дода ба гунае нишон бидиҳед, ки ҳам эътимодаш ба шумо аз миён наравад ва ҳам посухҳои дурӯғ нагӯяд.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Худам дидам, ки пинҳонӣ сумкаи бародаратро мекофтӣ.”
Метавонед бигӯед: “Писарам! Ту бе иҷоза ба сумкаи бародарат даст задӣ! Пештар гуфта будам, ки барои истифода аз васоили дигарон бояд аз худашон иҷоза бигирем. Аз ин корат хеле нороҳатам.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст