Бархе омилҳо иборатанд аз;
Ниёз ба ибрози вуҷуд ва ҷалби таваҷҷӯҳ кардан
Интиқом гирифтан
Касби қудрат
Фақр
Нишон додани хашму нафрат
Эътироз ба вазъияте, ки дар он қарор дорад ва ё мушкиле, ки аз он ранҷ мебарад.
Ончи набояд анҷом дод
Ҳаргиз ба ӯ барчаспи “дузд” назанед ва ӯро ба ин сифат нахонед.
Бо огоҳ шудани аз ин кори ӯ эҳсосоти нашавед ва аз сари эҳсосот лаҳзаи вокуниш нишон надиҳед.
Ӯро бозҷӯӣ ва саволпеч накунед! Мумкин аст худи ӯ ҳам надонад чаро ин корро карда аст!
Мучгирӣ накунед ва барояш дом нагузоред то дар ҳини “дуздӣ” ӯро ғофилгир кунед. Ин кор авоқиби бисёр баде ба дунбол дорад.
Обрӯяшро назди дигарон набаред ва шахсияти ӯро тахриб накунед. Ба баҳонаи роҳнамоӣ гирифтан аз дигарон амали ӯро барои атрофиён бозгӯ накунед.
Аз танбеҳҳои фаврӣ ва шадид худдорӣ кунед.
Насиҳат накунед.
Ба шахсияти ӯ беэҳтиромӣ ва иҳонат накунед.
Ҷарру баҳсро тарк кунед! Чун беасар аст.
Дар ҳузури ӯ аз шеваҳои моҳири дуздӣ ва эҳтимолан аз ҳуши болои баъзе аз дуздон бо шигифте таъриф накунед.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст