Бо дуздӣ кардани кӯдакамон чӣ кунем?
Он шаб аз меҳмонӣ, ки баргаштем дидам дар дасти духтарам – ки хобаш бурда буд- як кисаи плостикӣ сиёҳ аст!
Вақте онро боз кардам дидам калиди хонаи мизбон, арӯсаки бачаи онҳо ва телефони мобилии онҳоро бардошта аст. Як бор ҳам, ки аз мактаб баргашт қалами зебое дар сумкааш буд, ки аз васоили ҳамдарсаш бардошта буд! Яъне бовар кунам, ки ӯ дуздӣ карда аст? Чиӣ тавр мумкин аст?
Чаро кӯдакам васоили дигаронро бармедорад?
Осебҳои ин кор барои кӯдакам чист?
Оё ҳамаи кӯдакон ин корро анҷом медиҳанд?
Чӣ тавр метавонам пешгирӣ аз ин кор бикунам?
Оё мумкин аст дуздӣ кардан барояш одат шавад?
Ончи бояд бидонем
Сабр кунед! Бачаи шумо дузд нест! Бо ин тасаввур, ки ӯ як дузд аст ба мавзӯъ нигоҳ накунед. Бардоштани лавозими дигарон бе иҷоза мисли бисёре аз рафторҳои дигари кӯдак то ҳудуде табиӣ аст.
Усулан мафҳуме ба номи “дуздӣ” барои кӯдакон то синини хоссе шинохта шуда нест! Бинобар ин агар кӯдаки се солае василаеро бе иҷоза бардошта ва нигаҳ дошта аст наметавон кори ӯро “дуздӣ” номид.
Рушди ин мафҳум дар зеҳни кӯдакон ба оҳистагӣ ва пас аз шаклгирии ҳисси моликият дар онҳо иттифоқ меафтад. Дар авоили кӯдакӣ ӯ ҳанӯз намедонад истифода аз лавозим тавассути афроди мухталиф ва моликият ҳар кадом аз онҳо ва дар як калом ҳарими хусуси ашхос ба чӣ маъност? Бинобар ин набояд ба кӯдакони худ иттиҳом бизанем ва онҳоро танбеҳ кунем, чунки мумкин аст сахтгирӣ ва танбеҳи но ба ҷо омиле барои ба инҳироф кашондани онҳо бошад.
То пеш аз панҷ солагӣ, гоҳе кӯдак, чизеро ки моли худаш нест ва аз он хушаш омада мебардорад бе ин ки бидонад ин кори дуруст нест.
Албатта дар баъзе аз кӯдакон бардоштани махфиёнаи васоили модар амри роиҷ аст ва иллати умдаи он равобити номатлуби модар ё фарзанд аст. Маъмулан дар ингуна маворид, кӯдак вокуниши пархошгаронае нисбат ба модар дорад, аммо дуздиҳое, ки дар мактаб иттифоқ меафтад эҳтимолан ба иллати таъсирпазирӣ аз гуруҳи ҳамсолон аст.
Кӯдакони мактабхон гоҳе наметавонанд рафтори худро контрол кунанд ва бо ин ки медонанд кори дурусте нест онро анҷом медиҳанд! Бузургтар шудани кӯдак ва ошно шудан бо мафоҳими амиқтар мисли моликият, иҷоза гирифтан, риояти ҳуқуқи дигарон, ҳифзи ҳарими хусусии афрод – онҳоро огоҳтар месозад ва аз ин ба баъд аст, ки агар ӯ огоҳона ва муғризона иқдом ба чунин коре бикунанд бояд онро ҷиддӣ гирифт ва ҳатман ангезаҳо ва решаҳои онро пайдо кард. Пеш аз ҳаргуна бархурд бо кӯдаке, ки дуздӣ мекунад бояд далоили равоншинохтии кори ӯро шиносоӣ ва баррасӣ кард.
Дар хонаводаҳои зер чунин рафторҳое дар кӯдакон бештар ба чашм мехӯрад хонаводаҳое, ки;
1. Рафторҳои тардкунанда ва ғайри самимӣ доранд.
2. Талоқ дар онҳо рух дода аст.
3. Як сарпараст доранд.
4. Аз мушкилоти иқтисодӣ ранҷ мебаранд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст