Аз ҳазрати Алӣ (к) пурсиданд:
 Сангинтар аз осмон чист?
 Фармуд: Тӯҳмат ба инсони бегуноҳ.
 Аз замин паҳновартар чист?
 Фармуд: Доманаи ҳақ, ки Худо ҳама ҷо ҳаст ва бар ҳама чиз мусаллат аст.
 Аз дарё паҳновартар чист?
 Фармуд: Қалби инсони қонеъ.
 Аз санг сахттар чист?
 Фармуд: Қалби мардуми мунофиқ.
 Аз оташ сӯзонтар чист?
 Фармуд: Ҳокимони ситамкоре, ки миллатро ба худ вомегузоранд ва ҳаргиз ба фикри тарбияти онҳо нестанд.
 Аз замҳарир сардтар чист?
 Фармуд: Ҳоҷат бурдан пеши мардуми бахил.
 Аз заҳр талхтар чист?
 Фармуд: Сабр дар баробари нодонҳо.
 Иршодулқулуб, ҷ.2, саҳ.270

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст