Ҳар хатои кӯдак фурсате барои омузиши як рафтори дуруст ба ӯ аст.
Ба ҷои он ки бо асабоният бигӯед: “Ту меҳмонхонаро касиф кардӣ?” Ва ӯ аз тарс маҷбур шавад, ки бигӯяд: “Ҳамааш тақсири Фарҳод буд, ки ҳангоми хӯрдани нон дар хона роҳ мерафт.”
Метавонед бигӯед: “Вақте нон мехӯрдӣ чун дар хона роҳ мерафтӣ, ҳама ҷо касиф шуда аст, ба назарат чӣ кор кунем?” ва пас аз тарҳи роҳи ҳалҳо ба беҳтарин пешниҳод амал кунед.
Ба ӯ таваҷҷӯҳи кофӣ нишон диҳед то эҳсос накунад, ки аз чашматон афтода аст ё дӯсташ надоред.
Дар баробари корҳои хуб ҳатман ташвиқаш кунед ва ба ӯ подош бидиҳед. Ҳаргоҳ кори хубе ҳарчанд хурду ночиз анҷом диҳад ин корро ба рӯяш биёваред ва ба ӯ бифаҳмонед, ки комилан таваҷҷӯҳ ба ӯ доред. Масалан вақте ба шумо мегӯяд: “Модар вазифаи хонагиам тамом шуд.” Ба ҷои он ки бетафовут аз канораш бигузаред ё бо як “офарин”-и маъмулӣ корро тамом кунед метавонед бигӯед: “Монда набошӣ. Иҷоза медиҳӣ, ки вазифаи хонагии навиштаатро бубинам? Ман медидам, ки чи қадар бо алоқа вазифаи хонагиатро менавиштӣ, хеле хушҳолам! Хатти ту аз рӯзҳои пеш хеле беҳтар шуда аст, хеле мураттаб навиштӣ, ба назарат беҳтар нест, ки хатҳои дафтаратро комилан пур кунӣ?”
Агар дурӯғҳое мегӯянд, ки бо дарсу мактаб иртибот дорад, бубинед ки оё дар мактаб мушкиле дорад? Масалан агар ба дурӯғ мегӯяд: “Тамоми диктаҳоямро панҷ гирифтаам” ё “муаллими мо ҳамеша аз ман таъриф мекунад”. Ин дурӯғҳо мумкин аст ношӣ аз бетаваҷҷӯҳии муаллим ба ӯ, ҳасодат ба донишомӯзи дигаре ва ё эҳсоси ҳақорат бошад.
Агар дар ҳоли анҷоми коре аст, ки барояш сахт аст ва ё онро дӯст надорад ба ӯ кӯмак кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ду соат аст, ки дафтаратро боз кардаӣ, ҳозир падарат меояд ва ту ҳанӯз машқҳоятро нанавиштаӣ. Зуд бош, ҳавсалаам сар рафт.”
Метавонед бигӯед: “Медонам, ки ту ҳозир хастаӣ, вале инро ҳам медонам, ки дӯст дорӣ зудтар таклифатро анҷом бидиҳӣ то битавонӣ барномаи телевизионро бубинӣ, дӯст дорӣ бо ҳам мусобиқа бидиҳем? Ман корҳои хонаро анҷом медиҳам ва ту машқҳоятро менависӣ. Корҳои ҳар кадом зудтар тамом шавад, падар ба ӯ ҷоиза медиҳад. Ҳозирӣ!!”
Агар аз ӯ мехоҳед, ки коре анҷом бидиҳад ибтидо ангезаи кофӣ барояш эҷод кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Зуд ҷои хобатро мураттаб кун, вагарна аз берун рафтан хабаре нест.”
Метавонед бигӯед: “Дӯст дорӣ каме ба сару вазъи ҳуҷраат бирасем то вақте аз берун бармегардем истироҳат кунем? Ман ҳозирам кӯмакат кунам то зудтар ҷои хобат тамиз шавад.”
Ба ӯ масъулиятҳое бидиҳед, ки битавонад онҳоро анҷом диҳад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ту ҳанӯз хеле барои анҷоми ин кор хурд ҳастӣ.”
Метавонед бигӯед: “Фарзандам! Ман фикр мекунам, ки ту битавонӣ ба боғча об бидиҳӣ, худат ҳам дӯст дорӣ не? Агар мувофиқӣ ин корро бикун!”
Ба ӯ биёмӯзонед, ки дар шароити мухталиф ростгӯии худро ҳифз кунад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Агар касе бо ман кор дошт бигӯ нестам.”
Метавонед бигӯед: “Фарзандам! Ман дар шароите ҳастам, ки омодагӣ надорам бо дӯстам сӯҳбат кунам ва ночор агар телефон зад бо ӯ сӯҳбат намекунам. Лутфан агар занг зад ба ӯ бигӯ, ки хоҳиш мекунам фардо тамос бигирад!”
Агар дурӯғ гуфт пас бояд бидонад, ки ин кори ӯ муҷозот дорад. Ҳам ба хотири ин ки ҳақиқатро нагуфта аст ва ҳам ба хотири ин ки кори баде анҷом дода аст. Ин равиш ба ӯ мефаҳмонад, ки агар бори дигар кори хатое анҷом диҳад, вале рост бигӯяд камтар муҷозот мешавад.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Ин дафъа ба касе намегӯям, ки дурӯғ гуфтаӣ, вале вой ба ҳолат агар такрор шавад.”
Метавонед бигӯед: “Ту дирӯз ба ман гуфтӣ, ки машқҳоятро навиштаӣ, аммо нанавишта будӣ! Ба хотири нанавиштани машқҳоят имшаб бароят қисса намегӯям ва ба хотири ин ки дурӯғ гуфтӣ имрӯз наметавонӣ телевизион тамошо кунӣ.”
Агар кӯдаке пай дар пай дурӯғ мегӯяд, барои ташвиқ кардани ӯ ба ростгӯӣ метавон барояш барномаи подош дар назар гирифт.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Дигар дӯстат надорам. Ту ҳамеша бо дурӯғҳоят моро нороҳат мекунӣ”
Метавонед бигӯед: “Медонам, ки дӯст дорӣ ҳамеша рост бигӯӣ, аз ин ба баъд ҳар рӯз, ки дурӯғ нагӯӣ ба ту ҷоиза медиҳам”.
Метавонед ҷоизаҳоро бо назари ӯ интихоб кунед.
Ҳангоме ки кӯдакон ба синне расиданд, ки дарк карданд баъзе аз ҳақиқатҳоеро набояд ба забон овард, ба онҳо биёмӯзонед, ки ростгӯӣ ба маънои ифшои розҳо нест. Агарчи: “Ҷуз рост набояд гуфт”, аммо “Ҳар рост нашояд гуфт”. Ба ӯ бифаҳмонед, ки вақте ба дӯсташ мегӯяд: “Чи қадар мӯйҳои ту каҷ-каҷӣ аст!” ё “Бубин сумкаи ман чи қадар зеботар аз сумкаи туст” эҳсосоти дӯсташ осеб мебинад ва робитаи дӯстиашон барҳам мехӯрад.
Ба кӯдак биёмӯзед ба андозаи лозим сухан бигӯяд.
Нороҳатии худро аз дурӯғи ӯ, бо мулоимат нишон диҳед. Вақте дуруғ мегӯяд нигоҳатонро аз ӯ бигиред, нахандед ва ранҷиши худро дар рӯятон нишон диҳед ва вақте рост мегӯяд бо чеҳраи хандон ба ӯ нигоҳ кунед, дастонашро дар дастонатон нигоҳ доред ва ба ӯ муҳаббат кунед.
Дар сурати лузум дурӯғашро ошкор кунед ва ба ӯ бифаҳмонед, ки мефаҳмед ӯ дурӯғ мегӯяд. Албатта диққат кунед, ки бо ин кор ӯро таҳқир накунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Боз дурӯғ гуфтӣ. Ту бо ин кор сабаби сарафкандагӣ ва шармандагии мо мешавӣ!”
Метавонед бигӯед: “Ин бор ҳам дурӯғ гуфтӣ! Кош медонистам чи мушкиле вуҷуд дорад, ки ба хотири он ба мо дурӯғ мегӯӣ? Агар фикр мекунӣ, ки мо метавонем бароят коре ва кӯмаке кунем бигӯ!”
Агар ҳеҷ кадом аз талошҳои шумо муассир воқеъ нашуд дар шароити хос бо дар назар гирифтани ҳамаи ҷонибҳо ва бо парҳез аз зиёдаравӣ ва камравӣ, дар ҳадди лозим аз танбеҳ истифода кунед.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст