Гоҳе вокунишҳои иштибоҳи падару модар дар баробари рафтори кӯдакон нохудогоҳ онҳоро водор ба дурӯғгӯӣ мекунад. Вақте кӯдак эҳсоси манфии худро нисбат ба дигарӣ ба вижа хоҳар ва бародари худ иброз мекунад, бо бархурдори шадид ва гоҳе хушунати волидайн рӯ ба рӯ мешавад, аммо ҳангоме ки эҳсоси мусбатеро ҳарчанд бо дурӯғ баён мекунад, ташвиқ мешавад ва подош мегирад. Ба ин тартиб нохудогоҳ ёд мегирад, ки бо дурӯғ гуфтан аз шароити беҳтаре баҳраманд хоҳад шуд.
Ташвиқҳои нобаҷои падару модар
Гоҳе кӯдакон бо ширинзабониҳои худ дурӯғеро, ки мумкин аст аз дигарон омухта бошанд дар ҳузури падару модари худ мегӯянд ва онҳо бе таваҷҷӯҳ ӯро таҳсин мекунанд ва паёмадҳои ин корро дар назар намегиранд. Кӯдак, ки аз ташвиқи падару модар шодмон аст тасаввур мекунад, ки бо такрори ин рафтор метавонад ҳамеша онҳоро шод кунад.
Пас метавон натиҷа гирифт, ки бештари кӯдаконе, ки дурӯғ мегӯянд вижагиҳои зер доранд:
Эҳсоси ҳақорат мекунанд.
Эътимоди каме ба худ доранд.
Ҳамеша дар ҷустуҷӯи таваҷҷӯҳи дигаронанд.
Ба падару модару дигар атрофиён эътимод надоранд.
Ончи набояд анҷом дод
Ба сари кӯдак фарёд назанед ва ӯро даъво накунед. Бо тарсондани ӯ маҷбураш накунед, ки ба дурӯғҳояш эътироф кунад. Агар даст ба чунин коре задед ба ӯ ҳақ бидиҳед, ки дурӯғ бигӯяд! Чун ҳатто агар бузургтарҳо ҳам дар ин шароит қарор бигиранд дурӯғ мегӯянд.
Ӯро беш аз андоза бозҷӯӣ накунед.
Агар намехоҳед кореро анҷом диҳад ӯро таҳти фишор қарор надиҳед.
Агар аз паси анҷом додани коре, ки ба ӯ супоридаед барнаёмад, ӯро сарзаниш накунед.
Ҳаргиз ӯро лату куб накунед.
Ҳеҷ гоҳ дар ҳузури ӯ дурӯғ нагӯед ва дурӯғҳои дигаронро нақл накунед.
Аз ӯ нахоҳед ба хотири шумо ӯ худаш дурӯғе бигӯяд: Масалан вақте телефон занг мезанад нагӯед: “Агар бо ман кор доштанд бигӯ, ки нест.” Ё: “Агар падарат пурсид либосро чанд харидед? Нагӯӣ, ки 30 сомонӣ, балки бигӯ, ки 25 сомонӣ.”
Ба ӯ ваъдаи дурӯғ надиҳед. Ваъдаи кореро, ки анҷом нахоҳед дод ба ӯ надиҳед.
Ӯро бо дигарон муқоиса накунед. Имтиёзоти хоҳарон ва бародарони ӯро ба рухаш накашед.
Ӯро таҳқир накунед.
Дар баробари дурӯғҳои огоҳонаи ӯ бетафовут набошед.
Ҳеҷ гоҳ дар ҷамъ дурӯғи ӯро ошкор накунед.
Ҳаргиз ба ӯ нагӯед: Дурӯғгӯ.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст