1.    Издивоҷ табиати хилқати инсон аст
Издивоҷ аз ҳамон рӯзи аввали офариниши ҷаҳони ҳастӣ ҷузъи қавонини офариниш буд. Одам ва Ҳавво(а) агар боҳам издивоҷ намекарданд айни ҳол инсоне дар рӯи замин вуҷуд надошт. На фақат инсон, балки қонуни завҷият барои ҳамаи мавҷудоти ҷаҳон аз гиёҳон ва ҷонварон гирифта то мулкулҳо, атомҳо вуҷуд дорад ва инсон ҳам барои инки ба комёбии ҳақиқӣ бирасад бояд худро бо қонунҳои ҳастӣ ҳамоҳанг кунад.
2.    Издивоҷ  сабаби хушбахтӣ
Дар як мутолиаи ахир, ки дар 17 кишвари пешрафтаи дунё анҷом шуд маълум шуд, ки "афроди хонадор бисёр хушбахттар аз  касоне ҳастанд, ки ҳануз хонадор нашудаанд".
Мортин Селигман равоншиноси барҷаста мегӯяд:
" Издивоҷ бештар аз ҳар пайванди дигаре байни инсонҳо дар хушбахттии онҳо нақш дорад". Ӯ эътиқод дорад издивоҷ аст, ки ба зиндагии фард маъно медиҳад ва мегуяд хушбахтарин афроди дунё аз миёни афроде ҳастанд, ки издивоҷ карда ва ташкили зиндагӣ додаанд. Тибқи шавоҳиди мавҷуд ва назари коршиносон, ду сабаб бештарин нақшро дар хушбахтии тамоми инсонҳои кураи замин ифо мекунад.
3.    Издивоҷ   васила ва мояи  оромиш аст
Вақте издивоҷ мекунем робитаамонро бо касе, ки ӯро дӯст дорем доимию ҳамешагӣ мешавад.  Ҳамин метавонад моро аз истиресҳо ва кашмакашҳо наҷот диҳад. Бо никоҳ ва издивоҷ байни ду нафар робита маҳкамтар ва устувортар мегардад.
Як иллат ва сабаби оромиш, муҳаббат ва ишқ аст. Нерӯи ишқ, оромиши беназир ба мо медиҳад, ки дар камтар ҷои метавонем онро пайдо кунем. Ин амри муқаддас, яъне оромиш аз роҳи муҳаббат ва ишқро Худованд аз нишонаҳои вуҷуди худ донистааст. Дар Қуръони маҷид дар сураи "Рум" ояти 21 мефармояд: " ва яке аз нишонаҳои ӯ барои шумо ҳамсарони аз ҷинси худатон офарид, то ба воситаи онҳо ба оромиш бирасед ва байни шумо муҳаббату дӯстӣ барқарор кардем".
4.    Издивоҷ моя ва сабаби саломатии ҷисму ҷон аст
Ҳамчунин як баррасӣ ва таҳқиқот нишон додааст, ки издивоҷ ва робитаи хуб бо ҳамсар системаи дифоии баданро бисёр тақвият мекунад ва инки ҳатто захмҳои афроде, ки робитаи хубе бо ҳамсарашон доранд зудтар хуб мешаванд! Нақши издивоҷ дар саломатии ҷону равони инсон ҳам ба ҳамин мизон собит шудааст, низ натиҷаҳои яке аз ин таҳқиқот нишон дод, ки касоне, ки издивоҷ кардаанд нисбат ба онҳое, ки издивоҷ накардаанд камтар гирифтори бемористонҳои равони шудаанд. Издивоҷи солим метавонад шуморо аз гирифторӣ ба бисёри аз нороҳатиҳои равонӣ аз ҷумла афсурдагӣ наҷот диҳад.
5.    Издивоҷ вазъамонро хуб мекунад!
Миёнаи даромади солонаи касоне, ки издивоҷ намудаанд бештар аз даромади касоне аст, ки издивоҷ накардаанд. Дар соли 2004 дар нашрияи дидгоҳҳои равоншиносӣ, таҳқиқот нишон медиҳад мардоне, ки издивоҷ намудаанд ҳатто то се баробар бештар аз ҳамтоёни муҷаррадашон даромад доранд ва эҳтимоли соҳибхона будани мутааҳҳилҳо 7 баробар бештар аз муҷаррадҳо аст. Ҳамсардорон  80 дар сад  бештар аз муҷаррадҳо дорои сарвату сармоя ва пасандоз ҳастанд.
Аммо муҳимтар аз он, ваъдаи Худованд аст, ки дар ин бора ба мо дар сураи "Нур" ояти 32 башорат додааст: "Мардону занони муҷарад худро ҳамсар диҳед, .....агар фақиру тангдаст бошед Худованд онҳоро аз фазли худ бениёз мекунад, Худованд гушоишгару огоҳ аст".
6.    Издивоҷ ба зиндагии мо маънои бештар медиҳад
Марк Твен: издивоҷ ду хати ҷудо аз ҳамро боҳам пайванд медиҳад, ба ду зиндагии бе ҳадаф маъно мебахшад ва неруи ҳар кадомро барои анҷоми он кор ду баробар мекунад. Ба ду сиришти ҷустуҷӯгар далели барои зиндагӣ кардан медиҳад.
Издивоҷ сабаб мешавад ҳадафмандтар зиндагӣ кунем. Агар пеш аз издивоҷ вобаста ба падару модар будем дигар мо худ як ҳамсари вазифадор ҳастем.  Чун баъд аз издивоҷ дигар фақат моли худамон нестем, балки моли ҳамсару фарзандонамон ҳам ҳастем. Ба хотири ҳамин бояд бештар ба фикри зиндагиямон бошем. Паймудани масири зиндагӣ бо издивоҷ лаззатбахштар мешавад. Вақте бо касе, ки ба ӯ алоқа дошта бошед сафари зиндагӣ бароятон лаззатбахштар мешавад.  Дар сахтиҳо ба ҳам кумак мекунед ва дар хушбахтиҳо ҳам шодиатонро бо ҳам шарик мешавед.
7.    Издивоҷ бароямон эътибор меофаринад
Қабул кунем ё не!  Касоне, ки ҳамсар доранд дар ҷомеа эътибори бештаре доранд. Дар маҳалли кор онҳоро бештар таҳвил мегиранд ва дар миёни дӯстону ошноён низ афроди ҳамсардор бештар аз муҷаррадҳо мавриди итминону эҳтироми атрофиён ва наздикон ҳастанд. Илова бар ин касоне, ки ҳамсар доранд аз мазоёи бештаре бархурдор  ҳастанд.
8.    Бо издивоҷ ҷомеаи беҳтаре хоҳем дошт
Донишмандон ба ин эътиқод доранд, ки хонавода рукни аслии ҷомеа аст. Аз дидгоҳи иҷтимоӣ ҳадафи аслии издивоҷ ин аст, ки конуни мутмаин барои парвариши фарзандон ва иҷтимоӣ кардани онҳо шакл бигирад. Коре, ки худи иҷтимоъ наметавонад аз паси он бар биояд. Адам Смит мегӯяд: "Аввалин нишонаи тамаддуни башар, издивоҷ ва ташкили хонавода аст".
Дар ҷавомеи ғарбӣ ҳам баъд аз инки ҳамаи озодиҳо ва ...ро таҷруба карданд боз ба ҳамон нуқтаи аввал баргаштанд, ки барои доштани ҷомеаи солим издивоҷ ва ташкили хонаводаи солим нақши ҳаётӣ ва асосӣ дорад, натиҷаи таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҳеч рукне дар ҷомеаи мутамаддин на омӯзишу парвариш ва на донишгоҳ ва ... ҳеч кадом натавонист мисли хонавода дар дарунӣ кардани арзишҳо ва ироаи омӯзишҳо ва ҳамчунин бароварда кардани ниёзҳои равонӣ ва авотифи кӯдакон муассир бошад.
9.    Издивоҷ сабаб мешавад, ки худамонро беҳтар бишносем
Шунидаед, ки мегӯянд, ки мӯъмин оинаи мӯъмин аст? Инро дар мавриди ҳамсар ҳам метавонем бигӯем: ҳамсар, оинаи ҳамсар аст. Афроди ҳамсардор дар сояи як робитаи наздику самимона ва ҳамчунин дар шароити ҷадид ва масъулиятҳои тоза метавонанд худашонро беҳтар бишносанд ва ба нуқоти қуввату заъфи худашон пай бибаранд. Албатта, фақат нуқтаҳои заъф нест, ки дар раванди издивоҷ барои мо ошкор мешавад,  балки бисёри аз тавонмандиҳо, қудратҳое, ки дар вуҷуди мо нуҳуфта буда ва то баҳол шароите барои буруз пайдо накарда буд низ бароямон равшан мешавад. Ҳамсари инсон, ки наздиктарин дӯсти ӯ аст мисли оина тамоми айбу ҳунарҳои ӯро барояш нишон медиҳад. Дар натиҷа инсони хирадманд дар паи ислоҳу ҷуброни айбҳо ва ба коргирӣ ва иртиқои ҳунарҳои худ мебарояд.
10.    Издивоҷ сабаби рушди мо мешавад
Баъд аз издивоҷ, масъулитҳои мо бештар мешавад. Интизороти худамон аз худамон ва дигарон аз мо бештар мешавад ва кӯшишу талоши бештаре мекунем. Ҳамин сабаб мешавад, ки  рушд кунему истеъдодҳоямон дар хеле аз заминаҳо шукуфо шавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст