Рӯзе Паёмбари Аъзам(с) дар Мадина аз ҷое ме‏гузаштанд, ки ҷамъе аз ҷавонони мусулмонро диданд, дар ҳоле ки сангеро ба аломати вазнабардорӣ ва озмоиши зӯр бармедоштанд ва бо ин кор зурозмоӣ мекарданд. Яке як миқдор аз замин баланд мекард ва дигаре андаке бештар ва. .. Ҳар кас талош мекард, ки сангро болотар бибарад.

Паёмбари Аъзам(с) онҷо истода фармуд: Дилатон ме‏хоҳад, ки ман довари ин мусобиқа бошам?

Ҳама хушҳол шуданд ва гуфтанд: Чӣ аз ин беҳтар аст, эй Расули Худо! Шумо довари мусобиқа бошед ва ҳукм кунед, ки кадом як аз мо қавитар ва зӯрмандтарем.

Ҳазрат фармуд: Бисёр хуб, ман довар ме‏шавам. Эҳтиёҷ надорад, ки санг бардоред! Ман меъёре ба дасти шумо ме‏диҳам, ки кадом як аз шумо қавитар ҳастед.

Пурсиданд: Кадом як қавитар ҳастем?  

Фармуд: Он касе, ки нафсаш ӯро ба сӯи гуноҳ ташвиқ кунад ва дар ӯ майли як‏ гуноҳ бошад ва дар муқобили ин майл истодагӣ кунад. Ин ки инсон аз чизе‏ хушаш биёяд ва кори гуноҳ ва нофармонӣ бошад, вале дар муқобили нафси‏ худ истодагӣ кунад. Пайғамбар (с) дар инҷо қудрати иродаро дар муқобили майли нафсонӣ ба гуноҳ баён карданд.  

Зӯр ва шуҷоъ фақат ин нест, ки сангеро аз замин бардорад ва қудрат фақат ин нест‏, ки вазнаи бисёр сангинеро ба дӯш кашад. Ин як навъ қудрат аст, ки қудрат‏и мушакӣ аст, қудрате аст, ки дар мушакҳои ҳайвонҳо ҳам вуҷуд дорад ва муштарак‏ аст. На ин ки бихоҳем бигӯем, ки ин навъ қудрат камол нест‏, балки он ҳам як камол аст, зӯр ҳам барои инсон як камол аст, вале болотар аз қудрати мушакӣ, ки дар бозу ва мушакҳои инсон ҳаст қудрати ирода аст. Қудрати‏ ирода ин аст, ки инсон битавонад дар муқобили хостаҳои нафсони худ, ки сабаби гуноҳ ва поймол шудани ҳуқуқи дигарон мешавад истодагӣ ва пойдорӣ кунад.

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: أَشْجَعُ النَّاسِ مَنْ غَلَبَ هَوَاهُ  Шуҷоътарин инсон касе аст, ки бар ҳавои нафси худ ғалаба кунад. Алфақеҳ, 3/394

Абӯабдуллоҳи Рудакӣ мегӯяд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ мардӣ

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ мардӣ

Мардӣ набувад фитодаро пой задан

Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст