Ранги кабуд оромишдиҳанда буда метавонад барои поин овардани фишори хун мавриди истифода қарор гирад. Ин ранг метавонад тавоноии хобиданро дар инсон афзоиш дода ё эҳсоси дардро коҳиш диҳанд. Бино бар ин барои ҳуҷраи хоб муносибтар аст. Шукри Худои меҳрубон, ки сақфи олами ҳастиро кабуди обӣ гардонд.
Дар муқобил ранги сурх, таъсири тақрибан баръакс дорад. Ин ранг метавонад боиси боло рафтани фишори хун ва афзоиши тавлиди одернолин дар хун шавад. Ба дунболи он шумо яқинан эҳсоси тарс ё нигаронӣ хоҳед кард.
Ранги сафед нишонгари тиҳӣ будан, фазои боз ва покизагӣ аст, аз ин рӯ барои ҳаммом ё ҳоҷатхонаҳо бисёр муносиб аст. Бояд диққат кунед, ки то ҳадди имкон аз ин ранг барои ҳуҷраи дарс ё мутолиа истифода накунед.
Ранги зард зеҳни инсонро таҳрик мекунад. Бино бар ин маъмулан муносибтарин ранг барои ҳуҷраи мутолиа ё дарс аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст