Чӣ бояд кард?
Талош кунед иллати шабидрории кӯдакро пайдо кунед. Ба вижа агар иллати он равоншинохтӣ бошад. Барои ин бо ӯ самимона гуфтугӯ ва ташвиқаш кунед, то мушкили худро баён кунад.
Метавонед бигӯед: “Азизам! Муддате аст, ки эҳсос мекунам аз чизе нороҳатӣ. Фикр мекунам, ки нигарон ҳастӣ. Дӯст дорӣ кӯмакат кунам?”
Ба ӯ оромиш бидиҳед ва ёдовар шавед, ки ин як амри комилан табиӣ аст ва бо гузашти замон бартараф мешавад.
Метавонед бигӯед: “Чун дар ҳоли бузург шудан ҳастӣ ин иттифоқ меафтад. Дӯстонат низ ин тавр мешаванд, вале ба хотири риояти адаб касе дар бораи он ҳарф намезанад.”
Иҷоза бидиҳед то дар мавриди ин мавзӯъ битавонад озодона ва ба роҳатӣ бо шумо гуфтугӯ кунад ва итминон бидиҳед, ки гуфтаҳо байни худатон маҳрамона хоҳад монд.
Метавонед бигӯед: “Ҳар вақт савол доштӣ метавонӣ бипурсӣ. Агар дӯст дорӣ ин як роз байни мо бошад, ту ҳам ба касе нагӯ, ки ба ман гуфтаӣ.”
Агар фазои хоссе мисли ҳузури шахсе ӯро нигарон мекунад, фазои нигаронкунандаро аз байн бибаред ва ба ӯ оромиш бибахшед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Магар ӯ чист, ки аз ӯ метарсӣ?”
Метавонед бигӯед: “Ман бо ту ҳастам, пас ҷои нигаронӣ нест. Чаро ӯ туро нигарон мекунад?”
Дар фосилаҳои муайяне аз шаб бедораш кунед ва аз ӯ бихоҳед то туалет биравад. Таваҷҷӯҳ кунед, ки дар анҷоми ин кор комилан бо муҳаббат ва ҳавсала амал кунед.
Ба ҷои он ки бигӯед: “Бархез! Боз мехоҳӣ ҷойгаҳатро тар кунӣ?”
Метавонед бигӯед: “Саъй кун аз ҷоят баланд шавӣ ва ба ваъдаат амал кунӣ. Ман ба ваъдаам амал кардам ва аз хоб бедор шудам то бедорат кунам...”
Тоблуҳое болои сари ӯ бигузоред то битавонад ба теъдоди ҳар шабе, ки ҷойгаҳашро тар накард барои худ ситора бигузорад ва шумо ҳам дар баробари он ба ӯ подош бидиҳед.
Пешниҳод мешавад аз занги ахбор дар ҷойгаҳаш истифода кунед. Кори ин занг ба гунае аст, ки бо каме тарии ҷойгаҳаш ба садо дармеояд. Дар натиҷа кӯдак бедор шуда ба туалет меравад. Агар пешниҳоди кӯдак сабт ва ба ӯ нишон дода шавад ҳисси ҳамкории ӯ таҳрик мешавад ва 80 то 85 дарсад муассир хоҳад буд.
Аз ӯ бихоҳед ҳатман пеш аз хоб ба туалет биравад ва бигӯед, ки ин кор ба ӯ оромиш медиҳад то роҳат ва бо хаёли осуда бихобад.
Аз як пушиши клёнкаӣ рӯи курпачааш истифода кунед ва рӯи онро бо чизи сафеде бипушонед то шарманда нашавад.
Барои покиза кардани ҷойгаҳаш аз худаш кӯмак бигиред. Бигузоред довталабона ҳадди аксар кореро, ки метавонад анҷом диҳад шухӣ ва хандидан аз хиҷолаташ кам мекунад.
Чароғи хоберо равшан кунед то ӯ нима шаб барои рафтан ба туалет аз торикӣ натарсад.
Агар эҳсос кардед, ки шароити ӯ табиӣ нест бо пизишк машварат кунед то аз саломати ӯ мутмаин шавед. Гоҳе пизишкон машқҳое барои тақвияти мушакҳои масона тавсия мекунанд, ки бисёр сода ва муассир аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст